Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа
САНЪАТ ДАР
ЮНОНИ ҚАДИМ
МУҶАССАМАИ Зевс.
Юнониён ҳунармандону санъаткорони варзида доштанд. Ҳайкалтарошони юнонӣ нахуст тимсоли худоёни хеш – Зевс, Посейдон, Афина, Афродита ва ҷаҳонпаҳлавон Ҳераклро офарида, ба симои онҳо зебоиву назокати инсонӣ меافзуданд. Ҳайкалтароши машҳури юнонӣ Фидий ҳайкали бузурги Зевсро дар Олимп офарида буд, ки атрофи онро ибодатхонаҳо, чандин иморатҳои муҳташам ва ҳайкалҳои худоёни дигар ё ғолибони бозиҳои олимпӣ оро медоданд. Дар баробари ин дар Юнони Қадим осори меъмории нотакрор, аз ҷумла ибодатхонаи Парфенон, маъбади Афина, Акропол, тамошогоҳҳои машҳур сохта шуданд, ки дертар ба пешрафти тамаддуни Руми Қадим ва Аврупо таъсири худро гузоштанд. Санъати тасвирию мусиқӣ низ хеле пеш рафта, достони «Иллиада ва Одиссея»-и Ҳомер такони бузурге дар достонсароӣ гардид. Ҳеродоти юнонӣ низ бо «Таърих»-и машҳури хеш пойдеворе дар таърихнигории ҷаҳон гузошт.
Падид омадани тамаддун
ТЕАТРҲОИ ЮНОНИ ЧӢ ГУНА БУДАНД?
Дар Афина намоишҳои театрӣ дар ҳавои кушод баргузор мегаштанд, ки онро амфитеатр меномиданд. Қаторҳои нишаст барои тамошобинон дар шакли зинаҳои нимҳалқа аз пеши саҳна сар мешуданд. Дар амфитеатрҳои Афина то 10 ҳазор одамро ҷой ин мегирифт. Ҳунармандони театр асосан мардон буданд. Онҳо ба рӯй ниқобҳои ранга пӯшида, ба ин васила нишон медоданд, ки нақши кадом қаҳрамонҳоро иҷро мекунанд. Нахустин намоишномаҳои театриро барои тамошобинон Эсхил, Софокл ва Еврипид навиштаанд.
Амфитеатр.
МУСИҚИРО ЮНОНИҲО ДӮСТ МЕДОШТАНД?
Юнониҳо рақсидану сурудҳониро дӯст медоштанд. Ҳеҷ як маъракаи муҳими мардумӣ ва иду хурсандии онҳо бе му-сиқӣ доир намегардид. Одатан шеър таҳти навои мусиқӣ хонда ё суруда мешуд. Асбоби тории аз ҳама маъмули онҳо лира ба ҳисоб мерафт, ки бештар онро аз косахонаи санг-пушт месохтанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё