Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа
МЕЪМОРӢ
Меъморӣ яке аз қадимтарин навъи санъат буда, аз оғози фаъолияти хонасозии инсон ибтидо гирифтааст. Ин санъат лоиҳакашию тарҳрезӣ, сохтмони биноҳо, иншооти гуногун, маҷмӯаҳо, ансамблҳои меъмориро дар бар мегирад. Инсоният дар рафти инкишофи таърихии худ аз паноҳгоҳ, чайлаву каппаву коза ва кулбаҳои лойну сангин сар карда, то биноҳову иншооти ҳайратовари замонавӣ меъмориро дар тарзу услубҳои гуногун тараққӣ додааст. Биносозӣ дар ҳар давру замону макон вобаста ба таъйинот, маводди сохтмон, имкониятҳои техникӣ ва завқу салиқаи ҷамъият тағйир ёфтаву рушд мекунад. Дар саросари ҷаҳон биноҳову иншооте сохта шудаанд, ки бо зебоиву ҳашамат, арзиши эстетикиашон рамзи давлатҳо гаштаанд.
Тоҷмаҳал дар ш. Аграи Ҳиндустон.
МЕЪМОРИИ МАРДУМИ ОРИЁИТАБОР
Мардуми ориёитабор, аз ҷумла тоҷикон, дар давоми ҳазорсолаҳо бинову иншооти гуногуни меъморӣ бунёд кардаанд. Дар сарзамини мо қадимтарин манзили зист дар Саразм - Панҷакенти қадим ёфт шудааст, ки ба ҳазорсолаи 3-2 то милод мансуб аст. Осори боқимондаи маъбадҳо, қалъаву шаҳристонҳо, кушку қасрҳо, мақбараву мадрасаҳо, манораву бурҷҳо ва дигар иншооти дар Осиёи Марказӣ, Эрону Афғонистон, Покистону Ҳиндустон ва дигар сарзаминҳо боқимонда гувоҳи ин мебошанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор