Зеҳн
Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа

КӯдаконМаърифатНаврасон
Аз аввал хондан

БАЛАНДТАРИН БИНОҲОИ ҶАҲОН ДАР КУҶО ВОҚЕАНД?

Аз соли 1974 то соли 2009 бинои 110-ошёнаи Уиллис-Тауэр (баландиаш 527,3 метр) дар шаҳри Чикагои ИМА баландтарин дар ҷаҳон буд. Аз соли 2009 баландтарин бинои ҷаҳон Бурҷи Халифа мебошад (баландиаш 828 м, иборат аз 163 ошёна), ки дар шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб воқеъ аст.

ДАР ДУШАНБЕ КАДОМ БИНОҲОИ
МУҲТАШАМИ МЕЪМОРӢ МАВҶУДАНД?

Дар шаҳри Душанбе биноҳои муҳташами давлатӣ ва ҷамъиятиву фарҳангӣ ба монандӣ Қасри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бинои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон, Кохи Борбад, Кохи Ваҳдат, чойхонаҳои «Роҳат», «Саодат» ва ғайра мавҷуданд, ки дар замони шӯравӣ сохта шудаанд.
Дар даврони истиқлолият дар Душанбе биноҳои замонавии Қасри миллат, Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Осорхонаи миллии Тоҷикистон, меҳмонхонаи «HYATT», Маркази исмоилия, маҷмааи «Пойтахт», Маркази ҷавонон, маҷмааи ёдгории «Ваҳдат» сохта шуданд, ки ҳусну шукӯҳ ва зебоии шаҳрро дучанд афзуданд.

пешина
аз 395
навбатӣ