Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа
МАДРАСАҲО
Мадраса аз нигоҳи имрӯз дар Шарқи мусулмонӣ мактаби олии динӣ буда, фақеҳону муаллимон ва дар мадрасаҳои Шарқи Наздику Миёна ходимони идораҳоро низ тайёр мекунанд. Мадрасаҳо ба ҳайси маркази омӯзишӣ дар олами ислом дар асри X пайдо шудаанд. Тибқи навиштаи Абубакри Наршахӣ нахустин мадраса дар шаҳри Бухоро ба фаъолият шурӯъ намудааст. Бархе аз донишмандони дигар шаҳри Нишобурро макони пайдоиши аввалин мадрасаҳо медонанд. Дар Бухоро Мадрасаи Мири Араб бонуфузтарин ҳисоб ёфта, дар он бисёре аз адибону шоирон таҳсил кардаанд. Ҳоло он мадрасаи бузургтарини Осиёи Марказӣ мебошад.
МАДРАСАҲОИ ДАР ТОҶИКИСТОН
МАҲФУЗМОНДА
Дар тӯли таърихи ҳазорсолаи охир дар шаҳрҳо, шаҳракҳо ва бархе аз рустоҳои сернуфуси Тоҷикистон мадрасаҳои зиёде фаъолият намудаанд. Дар охири асри XIX ва ибтидои асри XX танҳо дар шаҳри Хуҷанд ҳудуди 50 мадраса мавҷуд буд. То солҳои барқарор шудани Ҳокимияти Шӯравӣ дар Тоҷикистон ҳар як гузари шаҳри Кӯлоб мадраса дошт. Мадрасаҳо ҳамчунин дар шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Истаравшан, Конибодом, Ховалинг, Шӯрообод, Шаҳритуз, Ҳисор, Исфара, Муъминобод, Душанбе ва ғайра фаъолият доштанд. Ҳоло Мадрасаи ба номи Имом Тирмизии шаҳри Душанбе маълумоти олии динӣ медиҳад.
Мадрасаи Мири Араб.
МАДРАСАИ АБДУЛАТИФ СУЛТОН
(КӮКГУНБАЗ)
Мадраса дар қисмати таърихии шаҳри Истаравшан дар маҳаллаи Кӯкгунбаз воқеъ аст. Дар болои ҳуҷраи андозааш 7х7 м гунбази бузурги кабуди хиштин сохта шудааст. Мадраса ба асри XVI мансуб буда, аз ҷиҳати услуби истифодашудаи меъморӣ дар Осиёи Марказӣ ягона аст.
Мадрасаи
Абдулатиф Султон.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор