Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа
МАСҶИДҲОИ ТОҶИКИСТОН
Масҷиди ҷомеи марказӣ дар Душанбе.
Масҷиди Гургонӣ.
МАСҶИДҲОИ МАВЛОНО ЯЪҚУБИ ЧАРХӢ
Масҷиди қадимии дар ҳудуди Тоҷикистон маҳфузмонда
Масҷидҳои қадимтарин дар ҳудуди Тоҷикистон дар маркази Истаравшан, Ҳулбук (маркази давлати Ҳуттал) ва Хуҷанд буданд. Аз масҷидҳои навъи намозгоҳӣ Масҷиди Абдуллоҳхон дар Навгилеми Исфара, ки асри XVI бино ёфтааст, боқӣ мондааст. Дар ҷануби Тоҷикистон масҷидҳои «себаҳра» (се тарафаш айвондор) низ вуҷуд доранд (Масҷиди Мавлоно Яъқуби Чархӣ, масҷиди деҳаи Лайлакуя дар Шаҳритуз), ки бештар ҷойи фотиҳахонӣ ва зиёрат мебошанд. Масҷидҳои 16-сутуна ва сетарафаш айвондори деҳаи Далёни Болои ноҳияи Ғончӣ, масҷиди айвонаш 5-сутунай деҳаи Роғундаи Истаравшан, Масҷиди шоҳи Хомӯши деҳаи Лангари вилояти Хатлон анъанаҳои барҷастаи меъмории миллии тоҷиконро дар худ таҷассум кардаанд. Масҷидҳое, ки барои хондани намози панҷвақта бино ёфтаанд, масҷидҳои ҷомеъ номида мешуданд.
МАСҶИДИ ГУРГОНИ
Масҷиди Гургонӣ дар маркази деҳаи Урметани ноҳияи Айнӣ, дар назди мақбараи бузургвор ҷойгир аст. Аз асри IX то ба имрӯз борҳо навсозӣ шудааст. Бори охир дар асри XVIII навсозӣ гардида, бо нақшунигор ва кандакориҳо ороиш ёфтааст.
Масҷиди Мавлоно Яъқуби Чархӣ.
Дар маркази деҳаи Мавлоно Яъқуби Чархии ноҳияи Рӯдакӣ, дар канори шарқии шаҳри Душанбе воқеъ гардидааст. Масҷид иморати росткунҷаакли дарозрӯя буда, аз хишти пухта сохта шудааст ва аз шимол ба ҷануб ба масоҳати 20х8 м тӯл кашидааст. Дар ҳавлии масҷид манораи пур аз нақшу нигор қомат афрохтааст. Масҷид ба асри XVI мансуб мебошад.
Масҷиди Дар-Дар
Масҷиди таърихӣ дар маркази деҳаи Дар-Дари ноҳияи Айнӣ. Он дорои сутунҳои мунаққаш ва сақфи пурнақшунигор аст. Масҷид аз айвон ва ҳуҷраи дохилӣ иборат буда, то ҳол амал мекунад. Дар асри XVIII аз ҷониби сокинони маҳаллӣ сохта шудааст.
Масҷид соли 1725 дар деҳаи Каздони ноҳияи Айнӣ сохта шудааст. Дохили масҷид аз 14 офоқ, 13 сутун, дари даромад, айвони он аз 6 офоқ, 5 сутун иборат аст. Он мустаҳабхона, ҳаммом ва оловхона низ дорад. Масҷид солҳои 1813–1815 ва 1914 тармим карда шудааст.
Масҷиди Мадрушкат
Масҷиди Мадрушкат дар қисми марказии деҳаи Мадрушкати ноҳияи Кӯҳистони Масчоҳ ҷойгир аст. Сақф ва сутунҳояш мунаққаш буда, ба асри XIX мансуб мебошад.
Дар маркази шаҳри Исфара назди бозори марказӣ воқеъ буда, аз ду табақа иборат аст: поёнӣ ва болоӣ. Табақаи болоиро сутунҳои кандакоришуда ва сақфи мунаққаш оро медиҳанд. Масҷид мансуб ба асри XVIII буда, то ҳанӯз тармим нашудааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор