Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа
Манораи телевизионии KVLY.
БАЛАНДТАРИН МАНОРАҲОИ
ТЕЛЕВИЗИОНИИ
ҶАҲОН КАДОМҲОЯНД?
Баландтарин манораи телевизиони ҷаҳон Манораи телевизиони KVLY (баландиаш 629 м) дар шаҳри Баландчарди ИМА, Манораи телевизиони Гуанчжоу (баландиаш 610 м) дар шаҳри Гуанчжоуи Ҷумҳурии Халқии Хитой ва манораи телевизиони Останкинои ш. Маскав (баландиаш 540 м) мебошанд.
СОХТИ МАНОРАҲО
ЧӢ ГУНА АСТ?
Манораҳо аз рӯйи сохт мудаввар, серқирра ва чоркунҷа мешаванд. Манораи Миср, Ироқ, Эрон, Афғонистон, мамлакатҳои Осиёи Марказӣ асосан мудаввар ё бисёрпаҳлу буда, бо лавҳаҳои кандакорӣ, кошӣ ва қафасаҳои нақшин оро дода мешуданд. Манораи чоркунҷа хосси меъмории Сурия ва мамлакатҳои Африқои Шимолист. Дар аксари манораҳои Эрон, Ҳиндустон, мамлакатҳои Шарқи Наздик ва Осиёи Марказӣ катибаҳо низ сабт ёфтаанд.
Манораи Чарқурғон.
Асри XII.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор