Зеҳн
Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа

МаърифатНаврасонКӯдакон
Аз аввал хондан

МАНОРАҲОИ
ТОҶИКИСТОН

Дар ҳудуди Тоҷикистон низ дар замонҳои гуногун манораҳои бисёре сохта шудаанд, ки қисме аз онҳо то имрӯз боқӣ мондаанд. Дар солҳои охир дар назди масҷидҳои ҷомеъ низ манораҳо бунёд гардиданд.

МАНОРАИ ВАРЗ
(ВАРЗМАНОР)

Ёдгории меъмории мансуб ба асрҳои X-XII дар маркази ноҳияи Айнӣ. Манора дар болои таҳқурсии чоркунҷаи сангии ҳаҷмаш 4х4 ва баландиаш 1,7 м аз хишти хоми 37х37х7,5 см сохта шудааст.
Қисмати болоии манора хароб шуда, ҳоло баландии он 13 метрро ташкил медиҳад. Девори манора похсагӣ буда, дар чаҳору чояш ҳалқаҳои аз хишти хом чидашуда дорад. Дар дохили манора сутуне ҳаст, ки дар танаи он зинапояи морпеч васл карда шудааст.

Манораи Донишкадаи исломии
ба номи Имом Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит
дар ш. Душанбе.

Манораи Рарз.

Манораи қалъаи Ҳулбук.

пешина
аз 395
навбатӣ