Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа
Санъати тасвирӣ рассомӣ, графика ва ҳайкалтароширо дар бар мегирад. Санъати тасвирӣ ҳаёти воқеиву ашёи мавҷударо тавассути образҳои аёнию дидашаванда ва дар шакли табииашон тасвир менамояд. Асарҳои санъати тасвирӣ инчунин ашёву зуҳуроти ғайривоқеӣ (маҳсули тахайюлоти инсон) ё ягон ҷиҳати чизи воқеиро яктарафа ва аз будаш бештар нишон дода метавонанд.
Таърихи санъати тасвирӣ аз ҷамъияти ибтидоӣ оғоз ёфтааст. Намунаҳои он расмҳо, ҳайкалчаҳои аз гил, санг ва устухон сохташуда буданд. Дар ҷамъияти ғуломдорӣ офаридани симои инсон дар тимсоли худоён, ҳокимон, қаҳрамонҳо мавқеи хос пайдо кард. Ба санъати тасвирии Мисри Қадим инъикоси лавҳаҳои ҳаёти воқеӣ хос буд. Дар осори санъати тасвирии Юнону Руми Қадим баробари симои зоҳирӣ олами маънавию ҳолати рӯҳии одамон моҳирона ифода шудаанд. Давраи Эҳё дар таърихи санъати тасвирӣ саҳифаи нав кушод. Саромадони санъати тасвирии ин давр Леонардо да Винчи, Рафаэлло, Микеланчело, Титсиан ва дигарон буданд. Дар давраи феодализм санъати тасвирии Аврупо ба қуллаи олии худ – готика расида, дар Ҳиндустон, Хитой, Ҳиндухитой, Индонезия, Ҷопон ниҳоят инкишоф ёфт. Аз асри XVII дар Аврупо як қатор равияву услубҳои эҷодӣ – барокко, рококо, класситсизм ва ғайра ба майдон омаданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор