Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа
Варзманор.
МАНОРАИ КОНИБОДОМ
Манора дар канори шарқии шаҳри Конибодом, дар назди масҷиди Хоҷаи Рӯшной аз хишти пухта сохта шудааст. Баландии он 24 м ва қутраш 4,2 м аст. Дар дохили манора зинаи морпеч иборат аз 60 поғунда сохта шудааст, дохили онро даричаҳо, равзанаҳо равшан мекунанд. Девори манора аз хиштҳои суфтае, ки нақшунигори ҳандасӣ доранд, чида шудааст. Ин тарзи хиштчинӣ услуби санъати меъмории манорасозии асрҳои XI–XII-ро ба хотир меоварад. Манора бо равзанаи равоқдори гунбазпӯш хотима меёбад. Он дар ибтидои асри XX бунёд гардидааст.
МАНОРАИ РАРЗ
Ёдгории меъмории мансуб ба асрҳои X–XII дар деҳаи Рарзи ноҳияи Айнӣ. Баландии умумии он тақрибан 20 м будааст, ки ҳоло қисми боқимондаи он 10 м буда, қутраш 5 метрро ташкил медиҳад. Манора дар болои таҳқурсии сангин аз похса бунёд гардида, камарбанди хиштӣ дорад. Хиштҳо ба тарзи амудию дандонашакл чида шудаанд.
Манораи Конибодом.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор