Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа
БОҒИ МУАЛЛАҚИ
БОБИЛ
Шоҳзодаи Бобил Навуходоносори II барои пойдории сулҳ соли 614 то милод бо духтари шоҳи модҳо Амухеан (Амитис) акди никоҳ баста, ӯро ба Бобил овард. Навуходоносор барои посдории муҳаббати хеш ба ҳамсараш Амухеан, барои бунёди муъҷизаи беҳамтои Бобил - Боғи Муаллақ азм намуд. Ҳазорҳо ғулом аз соҳилҳои рӯди Фурот харсангҳоро кашонида, тарҳи кӯҳтеппаеро сохтаанд, ки ба қавли муаррихи юнонӣ Диодор он сатҳи чоркунчаи нишебрӯ дошта, баландиаш қариб ба 130 м ва масоҳати умумиаш ба 15 ҳазор метри мураббаъ мерасид.
ЧАРО БОҒИ МУАЛЛАҚ МЕНОМИДАНД?
Боғи Муаллақ басо зебою нотакрор буд ва гӯё дар бағали кӯҳи зинадор як боғи муҳташами ба назар овезонро мемонд. Силсилаи сутуну тарҳи айвонҳо дар зери дарахтони бисёр ва буттаҳои зич ниҳон монда, Боғи Муаллақро дар атрофи кӯҳтеппа падидор менамуд. Ду қабати болоии сутуну зинаайвонҳо аз ғояти ҷафсии дарахтон қариб наменамуданд ва бинанда аз дур мепиндошт, ки боғи дилфиребе дар миёнҷои кӯҳтеппа муаллақ истодааст.
Қабатҳои поёнии Боғи Муаллақ асосан барои қабули меҳмонону сафирони хориҷӣ ва аҳли дарбор буд.
Ҷойгоҳи роҳатӣ дар қабатҳои
поёнии Боғи Муаллақ.
ДАРАХТОН ЧӢ ГУНА ОБЁРӢ КАРДА МЕШУДАНД?
Дар поёни боғ ҳавзи бузурги сунъие сохта буданд, ки акси боғу силсилаҳои зинаайвон ва фарози кӯҳтеппа дар оби шаффоф афтода, бо рангҳои гуногун ҷилва мекард.
Дар болои кӯҳ, дар иҳотаи дарахтони бисёр, ҳавзи дигаре воқеъ буд, ки чӯйҳои бешумор ва лӯлаҳои обрасон дошта, барои тару тоза ва муътадил нигоҳ доштани боғ мусоидат мекард. Ҳавзи болои кӯҳро шабона ғуломон бо ёрии таҷҳизоти обкашонӣ ва васоити дастии обфишор аз сарчӯю чоҳҳои зеризаминӣ пур мекарданд ва захираи об рӯзи тамом фаввораву шаршараҳои сунъӣ ва шабакаи обёриро таъмин менамуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё