Зеҳн
Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа

КӯдаконМаърифатНаврасон
Аз аввал хондан

Соли 539 то милод шоҳаншоҳи Ҳаҳоманишиён Куруши Кабир Бобилро забт намуд ва Бобил қариб 200 сол таҳти ҳокимияти эрониён қарор дошт. Баъдан Искандари Мақдунӣ Бобилро тобеи империяи бузурги худ гардонид ва он баъди вафоти ӯ зери итоати давлати Селевкиён қарор гирифт. Бо заиф шудани иқтидори Селевкиён шаҳри Бобилро Ашкониёни Порт забт намуданд ва бар асари задухӯрдҳои шадиди чандинсола миёни Рум ва Порт, шаҳри Бобил бо Боғи Муаллақи овозадораш хароб гардид. Охирин зарба ба шаҳри Бобил соли 126 то милод аз ҷониби шоҳи Ашкониён Меҳрдоди I зада шуд. Бар асари ҷангу харобкорӣ сӯхтори бузурге сар зада, манораи овозадори Этемананки ва Боғи Муаллақ ба хок яксон гардиданд.

Яке аз расмҳои тахайюлии Боғи Муаллақ.
МАЪБАДИ АРТЕМИДА

Маъбади Артемида сеюмин муъҷизаи олам аст, ки дар шаҳри зебоманзари Эфес (Туркияи имрӯза) воқеъ буд. Эфес дар асри 5 то милод дар соҳили баҳри Эгей (баҳри Мурда) бунёд гардида буд. Он калонтарин ва зеботарин шаҳри Осиёи Хурд маҳсуб мешуд. Тамоми сокинони шаҳр худои фаровонию ҳосил ва амонии Эфес – Артемидаро чун ҳомии шаҳр парастиш мекарданд. Маъбади Артемида бузургтарин ва боҳашамтарин иморати шаҳри Эфес буд, ки дар он ғайр аз адои маросимҳои динӣ, дигар тадорукоти ҷамъиятӣ низ баргузор мешуданд.

пешина
аз 395
навбатӣ