Зеҳн
Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа

КӯдаконМаърифатНаврасон
Аз аввал хондан

Ҷазираи Родос яке аз зеботарин ҷазираҳои Баҳри Миёназамин буда, дар чаҳор фасли сол халиҷҳои он пур аз киштиҳои тиҷоратии кишварҳои дуру наздик мешуданд. Вале ин ҷазираи хурдакак дар миёни давлати абарқудрати Ҳаҳоманишиён ва Юнон, ки бандарҳо ва роҳҳои киштигардии баҳри Миёназаминро зери тасарруфи худ овардан мехостанд, борҳо радду бадал шуда, истиқлолияти комилро ба даст оварда наметавонист. Тобистони соли 305 то милод Деметрийи писари Антигон бо лашкари 40-ҳазораи ҷангозмуда ҷазираи Родосро муҳосира намуд. Ӯ киштиҳои бузурги ҳарбӣ сохта буд, ки шонздаҳ қатор белҳои киштиронӣ дошта, бо номи «харобкунандаи шаҳрҳо» шуҳрат доштанд. Вале Деметрий ҳангоми муҳосираи тӯлонӣ ба муқовимати сахти сокинони Родос дучор шуда, ночор бо онҳо сулҳ баст.

БО КАДОМ МАҚСАД
ҲАЙКАЛИ КОЛОСРО СОХТАНД?

Сулҳу созиши ногаҳонӣ барои сокинони Родос як пирӯзии бузург ҳисоб мешуд. Зеро созишномаи баимзорасида соҳибихтиёрии ҷазираи Родосро эътироф мекард. Сокинони Родос азм намуданд, ки ба шарафи ин ғалабаи бузург ҳайкали азиму беамсоли худои Офтоб - Гелиосро бунёд намоянд. Соли 301 пеш аз милод сохтани ҳайкалро ба шогирди Лисипп ва ҳайкалтароши машҳур - Хорес супурданд ва қарор карданд, ки баландии ҳайкал зиёда аз 70 оринҷ (36 м) шуда, онро Колос, яъне ҳомии шаҳр биноманд.

пешина
аз 395
навбатӣ