Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа
Ҳайкалтарош Хорес ба усули нав рӯ оварда, аввал тарҳи муҷассамаро баробари қади инсон сохт ва офаридани ҳар як узви баданро аз лиҳози бандубасти меъморӣ муқаррар намуд. Хорес баъди устувор намудани қолаби пойҳои муҷассама ба давродаври он хок кашонида, теппачаи сунъиеро падид овард. Ба хотири осеб надидани ҳайкал гирди қолабро тахтабандӣ намуда, сипас бо хок мебардоштанду аз баландии маводди гудохтаро мерехтанд. Пас аз дувоздаҳ сол, тақрибан соли 288 пеш аз милод сохтани муҷассамаи Колоси Родосӣ ба поён расид. Ба қавли Плиний ангушти кӯчаки ин муҷассама ба назар аз як ҳайкали муқаррарӣ бузургтар менамудааст.
Тақрибан баъди 60 соли сохта шудани ҳайкал, яъне соли 225 то милод бар асари заминларза ва оташфишонии вулкан муҷассамаи Колоси Родосӣ аз такони мудҳиши ногаҳонӣ фурӯ афтод ва дубора эҳё намудани ин муъҷизаи беназир ба касе муяссар нагашт. Шикастапораҳои муҷассамаи Колоси Родосӣ дар майдони Дигма боз тақрибан 1200 сол хобида, бо шукӯҳу шаҳомати худ ҳазорон мухлисони осори атиқаро мафтун мекард. Соли 997 милодӣ арабҳо ҷазираи Родосро забт намуда, шикастапораҳои ин муҷассамаро ба як тоҷири судҷӯй фурӯхтанд. Ин тоҷир ба хотири об кардани филиззоти ҳайкал, онро буридаю шикаста ба 900 уштур бор карда бурд. Бо ҳамин охирин пораҳои муҷассамаи Колоси Родосӣ - яке аз Ҳафт муъҷизаи Дунёи Қадим беному нишон гардид.
Оромгоҳи Мавсол чорумин муъҷизаи олам аст, ки миёнаи асри IV то милод дар Ҳаликарнас сохта шудааст. Мавсол ҳокими Кария (Бодруми ҳозира) буд, ки солҳои 70-уми асри IV пеш аз милод мавқеашро дар баҳри Миёназамин устувор намуд ва баъдан аз тобеияти шоҳи Ҳахоманишиён Хишоёршоҳ баромада, ҳокими мустақими Кария гардид. Мавсол пойтахти худро аз шаҳри Милос ба Ҳаликарнас кӯчонида, қарор медиҳад, ки дар он ҷо барои худ ва ҳамсараш Артемисия оромгоҳ бисозад ва беҳтарин меъморони юнонӣ Сатир ва Пифей барои бунёди оромгоҳ ҷалб карда шуданд. Пас аз вафоти Мавсол дар соли 354 то милод шоҳбону Артемисия сохтмони оромгоҳро идома дод ва бо гузашти солҳо оромгоҳи муъҷизавие сохта шуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё