Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа
БУРҶИ
ИСКАНДАРИЯ
Бунёди Бурҷи Искандария - манораи беамсоли олам, ки орзуи деринаи Искандари Мақдунӣ буд, баъди марги ӯ оғоз ёфта буд. Манора дуртар аз Искандария, дар ҷазирачаи Фарос, бо мақсади таъмини бехатарии ҳаракати киштиҳо сохта шуд. Бурҷи Искандария мебоист аз тамоми манораҳои олам баландтару зеботар ва чун рамзи шаҳри навбунёд дар таърих момонд. Бунёди бурҷро меъмори бузург Сострати Книдӣ ба уҳда дошт. Ӯ соли 285 то милод ба сохтмони Бурҷи Искандария шурӯъ карда, онро дар давоми панҷ сол ба анҷом расонд. Бурҷи Искандария қариб 18 аср барҷо буд.
Амсилаи
Бурҷи Искандария.
Яке аз расмҳои тахайюлии Бурҷи Искандария.
БУРҶИ ИСКАНДАРИЯ АЗ РӮИ СОХТАШ
ЧӢ ГУНА БУД?
Баландии умумии бурҷ бештар аз 160 м буда, се қабат дошт. Ҳар се қабати бурҷ дар рӯи қалъаи мустаҳкаме сохта шуда буд, ки он ҳамчун пойдевори баҳрӣ ва истеҳкоми мудофиавӣ хизмат мекард. Дар қалъа дастаи кофии сарбозон, силоҳҳои ҷангӣ, манҷаниқу таҷҳизоти мудофиавӣ, захираи афзуни хӯрокаву оби нӯшокӣ нигоҳ медоштанд, то дар лаҳзаи муҳосираи нобаҳангоми ҷазира сокинони бурҷ истодагарӣ карда тавонанд. Баландии қабати аввали бурҷ 70 м буд, ки аз тахтасангҳои мустаҳкам бино ёфта, ғафсии девораш ба 8 м мерасид. Аз чор паҳлӯи бурҷ аз равзанаҳои баробари қади одам рӯшноӣ медаромад, ки онҳо чун тиркашҳои мудофиавӣ низ хизмат мекарданд. Дар болои қабати аввали бурҷ чаҳор муҷАССАМАИ биринҷии писарони худои баҳр Посейдон ҷойгир буд, ки ба чор самти олам сурной мекашиданд.
Дар даромадгоҳи самти ҷанубии бурҷ рӯ ба шаҳри Искандария соати бузурги офтобие насб шуда буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё