Зеҳн
Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа

КӯдаконМаърифатНаврасон
Аз аввал хондан

МУҶАССАМАИ ЗЕВС

Нусхаи хурди муҷассамаи Зевс
дар Эрмитажи Санкт-Петербург.

Зевс худои асосии юнониёни қадим ба ҳисоб мерафт, ки ба шарафи ӯ дар ҳар чор сол як маротиба бозиҳои олимпӣ ташкил карда мешуд. Ба хотири бузургдошти Зевс аввал маъбад ва баъдан дар дохили маъбад муҷассамаи бузурге сохтанд. Андозаи тарафҳои Маъбади Зевс 64х28 м буда, 34 шоҳсутуни бистметра онро аз як тараф нигоҳ медошт. Сохтани муҷассамаи бузурги Зевс барои ин маъбад, ки андаруни маъбад ҷой дошт, бар дӯши ҳайкалтароши бузурги юнонӣ Фидий вогузор шуд. Муҷассамаи Зевс яке аз ҳафт муъҷизаи олам аст, ки номи Фидийро машҳури олам кард.
МУҶАССАМАИ ЗЕВС ЧӢ ГУНА БУД?

Муҷассама 18 м баландӣ дошт ва Зевс дар симои марде бар рӯи тахт нишаста, дар кафи дасти рост ҳайкали илоҳа Никаро медошт. Дасти чапи Зевс дар такяи асои бузург, ки куббааш сари уқобро мемонд, қарор дошта дар пеши пояш ду шер хуфта буданд. Пироҳани тиллорангаш аз тан лағжида, рӯи зонувонаш мехобид. Андоми урёни Зевс ва Ника аз устухони фил ва либосу тоҷи зарандуд, пойафзор ва дигар лавозимоташ аз тилои холис буданд. Тахти Зевс аз чӯби обнус, устухони фил ва сангҳои гаронбаҳову тило таҳияву хотамкорӣ шуда буд.

НУСХАИ МУҶАССАМАИ ЗЕВС ДАР ОЛИМП.

МУҶАССАМАИ ЗЕВСРО ЧАРО БА ВИЗАНТИЯ БУРДАНД?

Муҷассамаи Зевс баъди фавти Фидий дар маъбад қариб ҳазор сол бобақову пойдор буд. Дар ибтидои асри V милодӣ қайсар (подшоҳ)-и Руми Шарқӣ (Византия) Феодосий II Афинаро забт карда, амр дод, ки тамоми маъбадҳои Олимпро чун қадамҷои хилофи дини насронӣ оташ зананд ва харобу валангор намоянд. Қайсар нахост, ки муҷассамаи Зевсро ба коми оташ бидиҳанд, бад-ин сабаб фармуд то онро бе зарар ба Византия баранд. Дар қасри қайсар барои муҷассамаи Зевс иморати хоссае бино карданд, ки ғайри шоҳ касе онро намедид. Рӯзе қасри қайсар оташ гирифт ва муъҷизаи панҷуми олам – Муҷассамаи Зевс низ саросар сӯхта аз он чизе боқӣ намонд.

ДИМНАИ МАЪБАДИ ЗЕВС.

пешина
аз 395
навбатӣ