Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа
ЭРОНИ БОСТОН
ЭРОН ЧӢ МАЪНӢ ДОРАД?
Эрон аз калимаи паҳлавии «эрон», ки дар шаклҳои «ириё», «иро», «ир», «ориё», «ориён» ва амсоли ин то ин замон расидааст, гирифта шуда, маънии «сарзамини ориёиҳо»-ро дорад.
ЭРОНЗАМИН КУҶОСТ?
Эронзамин, яъне сарзами-ни ориёиҳо, кишвари паҳ-новари аслии қавмҳои ориёӣ дар дунёи қадим ва аввалҳои асрҳои миёна буд, ки имрӯз дар ҳудуди он давлатҳои зиёде аз Ироқ то сарҳадҳои Чин ва аз Қафқоз то Покистон қарор доранд. Яъне ҳудуди Осиёи Марказӣ (Осиёи Миё-на), Эрон ва Афғонистон.
ИСТИЛОҲИ «ОРИЁӢ» АЗ «ЭРОНӢ» ЧӢ ФАРҚ ДОРАД?
Истилоҳи «ориёӣ» барои тамоми қавмҳои ориёии Осиё ва Аврупо гуфта мешавад. Масалан, ҳам тоҷикон ва ҳам олмониён гузаштагони худро ориёӣ мегӯянд. Аммо «эро-нӣ» танҳо барои як қисми бу-зурги қавмҳои ориёӣ гуфта мешуд, ки аслан дар ҳудуди Осиёи Марказӣ ва Эрону Аф-ғонистони кунунӣ зиндагӣ ме-карданд. Аз ҷумла, аҷдоди тоҷикон ба гурӯҳи мардумони эронӣ дохил мешаванд.
ЭРОНИ ТАЪРИХӢ АЗ ЭРОНИ КУНУНИ ЧӢ ТАФОВУТ ДОРАД?
Зери мафҳуми Эрони таърихӣ мамлакати васее фаҳмида мешавад, ки тамоми Эронзаминро фаро мегирад. Эрони кунунӣ, ки то соли 1935 Форс ном дошт, номи худро аз номи Эрони таърихӣ гирифт. Ҳудуди он танҳо як қисми Эронзаминро дар бар мегирад, яъне ҳудуди Эрони имрӯзиро.
ФАРҚИ ИСТИЛОҲИ «ҚАВМҲОИ ЭРОНИ» АЗ «МИЛЛАТИ ЭРОНИ» ДАР ЧИСТ?
Зери истилоҳи «қавмҳои эронӣ» тамоми мардумони эронитабор, аз ҷумла тоҷикон шинохта мешаванд. Таҳти истилоҳи «миллати эронӣ» тамоми бошандагони кишвари Эрони кунунӣ, сарфи назар аз кӣ будани таборашон (яъне, турк, тоҷик, арман ва ғайра) фаҳмида мешавад.
ИСТИЛОҲИ «ЭРОНИТАБОР» ЧӢ МАЪНО ДОРАД?
Эронитаборон мардумонеро мегӯянд, ки баромади нажодиашон аз қавмҳои ориёист. Макони зисташон Эронзамин (Осиёи Марказӣ, Эрон ва Афғонистон) буда, забонашон эронист, яъне ғайритуркӣ. Тоҷикон аз ҷумлаи эронитаборон мебошанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё