Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа
ПОДШОҲИИ
МАНУЧЕҲР
Манучеҳр яке аз подшоҳони сулолаи Пешдодиён ва писари Эраҷ мебошад. Ӯ муддати 120 сол подшоҳӣ карда, кини падараш Эраҷро аз бародарони ӯ Тур ва Салм меситонад. Манучеҳр подшоҳи дурандешу ботадбир буда, Бӯстон ном шаҳреро обод менамояд ва гирди онро бо девори баланд иҳота месозад, то аз ҳамлаи душманон эмин бошад. Ӯ низоми деҳқониро ҷорӣ намуда, мефармояд, ки ҳар деҳкада сарваре дошта бошад ва аҳли деҳӯро итоат намоянд ва ин сарварро «деҳгон» (деҳқон) мегуфтанд. Ҳамин тавр, бошандагони деҳкадаю шаҳракҳо ба ҳокими бузургтар ва ҷумлаи ҳокимон подшоҳро фармонбардор шуданд.
Рафтани Манучеҳр бо лашкараш ба ҷанги Афросиёб.
Фаридун подшоҳиро ба наберааш Манучеҳр медиҳад.
АФРОСИЁБ ЧАРО БО МАНУЧЕҲР ҶАНГИД?
Дар соли 50-уми подшоҳии Манучеҳр аз насаби Тур дар Туронзамин Афросиёб падид омада, ба муқобили Манучеҳр барои кинхоҳии Салму Тур лашкар мекашад. Баъди чандин муҳорибаҳои шадид Манучеҳр шикаст хӯрда, сӯи Табаристон меравад ва дар шаҳри Омул паноҳ мебарад.
Баъди муҳосираи тӯлонии даҳсола ҳар ду набераи Фаридун – Манучеҳр ва Афросиёб сулҳ баста, ба қароре мерасанд, ки дарёи Сир (Сайхун)-ро ҳамчун сарҳадди миёни Эрону Турон муайян созанд.
ОЁ ОРАШ ҲУДУДИ ЭРОНУ ТУРОНРО ДАРЁФТААСТ?
Яке аз тирандозони беҳтарини орией Ораши Камонгир барои муайян кардани ҳудуди миёни Эрону Турон аз сари кӯҳи Дамованд тире меафканад. Тири афкандаи ӯ дар боли фариштаи бод аз Табаристон сӯи Сарахс омада, то Фарғона мерасад ва дар бехи дарахти чормағзе фурӯ мехалад. Аз ҳамон дам музофоти Фарғонаро сарҳадди миёни Эрону Турон қарор медиҳанд.
ОЁ АФРОСИЁБ ПОДШОҲИ ОРИЁШАХР БУД?
Баъзе таърихнигорон Афросиёби турониро, ки 12 сол дар Эронзамин подшоҳӣ кардааст, ба сулолаи Пешдодиён ворид месозанд. Афросиёб ҳамчун рақиби Манучеҳр ва писари Пашангу набераи Фаридун пешвои қабилаҳои туронӣ буд. Даврони подшоҳӣ ва лашкаркашиҳои Афросиёб ба поёни давлати Пешдодиён ва оғози давлатдории Каёниён рост меояд.
ОХИРИН ПОДШОҲИ ПЕШДОДИЁН КИ БУД?
Гаршосп охирин подшоҳи сулолаи Пешдодиён буда, бо далерӣ, матонат ва бурдборӣ ба подшоҳӣ мерасад. Ӯ аждаҳоеро, ки одамону аспонро дам мекашид ва дандонҳояш баробари бозу ва шоҳаш чун шоҳаҳои дарахт буд, ҳалок месозад. Мақому манзалати Гаршосп дар Авесто ва китобҳои аҳди пешин чун таҳамтанони Юнони Қадим ва паҳлавонони Олимп ба назар мерасад. Аз рӯи маълумоти «Гаршоспнома»-и Асадии Тӯсӣ Гаршосп бо номи Наримон додарзодае дошт. Аз ин додарзодааш Соми Таҳамтан, ки аз ниёгони Рустами Дастон буд, ба дунё омадааст. Гаршосп паҳлавони овозадори сиистонӣ буда, насаби Рустами Дастон ба ӯ мерасад.
Манучеҳр қасоси падарашро аз Тур ситонид.
Каёниён сулолаи дуюми подшоҳони Эронзамин, аз ҷумла ниёгони тоҷикон мебошанд, ки баъди Пешдодиён давлатдорӣ кардаанд. Ҳудуди давлати Каёниён сарзамини Бохтар, Суғд, Хоразм ва қисми шимолии Эрони таърихиро фаро мегирифт. Ба андешаи таърихнигорон сулолаи Каёниён тақрибан асрҳои IX-VII то милод ҳукмронӣ кардаанд. Адади подшоҳони сулолаи Каёниёнро даҳ нафар гуфтаанд, ки подшоҳони номдорашон – Кайкубод, Кайковус, Сиёвуш, Кайхусрав, Кайлухросп ва Кайгуштосп мебошанд.
Баъди вафоти охирин подшоҳи сулолаи Пешдодиён Гаршосп мамлакати паҳновари Эрон бар асари тохтутоз ва ғоратгариҳои Афросиёб муддате бесаробон монд. Аз ин рӯ ҳокимони вилоятҳо бо сарварии шоҳи Зобулистон Зол ба қароре омаданд, ки шоҳи Бохтар Кубодро ба сарварии кишвари паҳновари ориёиҳо даъват намоянд. Баъзе таърихнигорон Қубодиёни имрӯзаро ватани нахустини Қубод мешуморанд, ки аз он ҷо ба Балх рафта, ба номаш унвони кай (шоҳ), яъне Кайкубодро афзудааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё