Зеҳн
Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа

КӯдаконМаърифатНаврасон
Аз аввал хондан

ДАВЛАТИ СОСОНИЁН

Сосониён номи сулолаест, ки дар Шарқи Наздик ва Осиёи Марказӣ солҳои 224-651, яъне 427 сол давлатдорӣ кардаанд. Подшоҳони Сосонӣ беш аз 30 нафар мебошанд, ки дар миёни онҳо шоҳаншоҳони номдори сосонӣ Ардашери Бобакон (солҳои ҳукмронияш 224-241); Шопури I (241-272); Баҳроми I (274-277); Шопури II (310-379); Яздигурди I (399-420); Баҳроми V Гӯр (420-438); Пирӯз (459-484); Қубод (499-531); Хусрави I Анушервон (531-579); Яздигурди III (632-651) ба шумор мераванд. Сосониён худро ворисони воқеии империяи Ҳахоманишиён ҳисобида, ба таҷрибаи давлатдории Ҳахоманишиён ва Ашкониён такя мекарданд.

БУНЁДГУЗОРИ ДАВЛАТИ
СОСОНИЁН КИСТ?

Бунёдгузори давлати Сосониён Ардашери I (224–241) писари Бобакон ва набераи Сосон буда, аз аҳли хонадони рӯҳониёни зардушӣ мебошад. Ардашери Бобакон сарзамини Ашкониёнро ишғол намуда, давлати мутамаркази Сосониёнро таъсис дод. Ардашер ҳамчун сиёсатмадори дурандеш аз истифодаи сипоҳиёни зархарид даст кашида, лашкари амалкунандаи доимиро таъсис дод. Ӯ инчунин ислоҳоти пулӣ анҷом дода, низоми андозситониро аз нав ба тартиб овард.

СОХТОРИ ИДОРАКУНИИ СОСОНИЁН
ЧӢ ГУНА БУД?

Сосониён дар аҳди давлатдории Ардашери Бобакон ва Шопури I марзҳои Эронро ба чаҳор минтақа тақсим намуда, онҳоро ба чаҳор марзбон, яъне марзбони бахши Хуросон ё Шарқ, марзбони бахши Мағриб ё Ғарб, марзбони бахши Нимрӯз ё Ҷануб ва марзбони бахши Абохтар ё Шимол барои нигаҳбонию сарварӣ супориданд. Дар аҳди Шопури I (241–272) вазоратхонаҳо, девонҳои сипоҳ, молиёт, сиккахона, чопархона, дабирон ва додрасон таъсис ёфта, усули идоракунии кишвар такмил меёбад. Сосониён дар симои шоҳаншоҳ идоракунии мамлакатро ба танзим оварданд, ки фармондеҳии умумии лашкар, қазияи ҷангу сулҳ, низоми иқтисодию иҷтимоии кишвар ва сарбарии кулли марзбонҳо ба ӯ вобаста буд.

пешина
аз 395
навбатӣ