Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа
БАЛХ –
ПОЙТАХТИ БОХТАР
Пойтахти давлати Бохтар шаҳри Балхи бостонӣ буда, дар боби аввали Вандидоди Авесто дар қатори 16 кишвари офаридаи Аҳура Маздо бо ибораи «Баҳди (Бохтар) зебо бо дирафшҳои афрошта» зикр шудааст. Таърихнигори машҳури юнонӣ Ҳеродот оид ба давлати муқтадири Бохтар чунин овардааст: «Дар сари роҳи Куруш баъд аз таслимшавии Лидия боз Бобил, Бохтар ва мисриён меистоданд».
Номи Бохтар ҳамчун кишвари тавоно ва волии он Додаршиш, ки чандин ошӯбҳоро саркуб кардааст, дар катибаи Бесутуни Дорои Бузург борҳо ёдоварӣ мегардад. Балхро таърихнигорони юнонӣ ва араб «модари шаҳрҳо» ва Балхи бумӣ, яъне қадима номидаанд. Харобаҳои шаҳри Балх дар наздикии шаҳри Мазори Шарифи Афғонистон воқеъ аст.
ШАҲРИСТОНИ КАЙҚУБОДШОҲ
ДАР КУҶОСТ?
Шаҳристони Кайқубодшоҳ ба тамаддуни Бохтари Қадим ва давраҳои минбаъда мансубанд. Шаҳристон дорои девори дуқабати мустаҳкаме буда, ҳамчун истеҳкоми мудофиавӣ хизмат мекардааст. Шаҳристон шакли росткунҷа дошта, аз чор самти он чор дарвоза устувор будааст. Дар болои деворҳои шаҳристон бурҷҳои мудофиавию дидбонӣ ва кунгураю тиркашҳои ҳимоявӣ сохта буданд.
Аз харобаҳои Кайқубодшоҳ тангаҳои нуқрагину тиллоӣ, шикастапораҳои зарфиёти сафолӣ ва силоҳу дигар ашёи рӯзгор ба даст омадаанд. Бозёфти аз ҳама нодир Ҷоми бузурги тилоиест, ки дар як рӯяи он шоҳи кушонӣ ва дар рӯяи дигараш илоҳои Вахш муҷассам гашта, зери он бо хати юнонӣ навиштаҷоти «Охшо» сабт аст.
МАЪБАДИ ОХШО ДАР ТАХТИ САНГИН
ЧӢ ГУНА БУД?
Маъбади Охшо дар Тахти Сангин дар наздикии Қубодиён, панҷ километр дуртар аз Тахти Қубод воқеъ гардидааст. Тахти Сангин баъди 100 соли ёфт шудани Хазинаи Амударё аз ҷониби бостоншиносон М.М. Дяконов, Б.А. Литвинский, И.Р. Пичикян, А.П. Дружинина ва дигарон таҳқиқ шуда, дар бохтаршиносӣ саҳифаи тозае афзуд. Маъбади Тахти Сангин ба шарафи худои рӯди Вахшу Ому – Охшо бунёд гардида, дар ҷойи хушманзараю назаррабое қомат афрохта буд. Дар миёнаҷои маъбад толори бузурги мураббаъакле воқеъ буд, ки масоҳаташ 144 метри мураббаъро ташкил медод. Атрофи толорро долонҳои барҳавою хуштарҳ иҳота намуда, чун бошишгоҳи рӯҳониёну зиёратгарон хизмат мекарданд. Аз Тахти Сангин муҷассамаҳои гаҷиву гилӣ, миқдори зиёди ашёи оҷӣ, беш аз се ҳазор пайкони оҳанию биринҷӣ, ҳанҷарҳои таҳҷоии акинак, ғилофҳои мусаввар, тангаву пулакчаҳои зарин ёфт шудаанд, ки намунаҳои он ба бозёфтҳои Хазинаи Омударё шабоҳат доранд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё