Зеҳн
Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа

КӯдаконМаърифатНаврасон
Аз аввал хондан

БОХТАРИҲО БО КАДОМ ЗАБОН СУХАН МЕГУФТАНД?

Бохтариҳо бо забони қадими бохтарӣ сухан мегуфтанд. Ин забон дар асри давлатдории Каёниён, бахусус ҳангоми подшоҳии Гуштосп забони маъмул буда, дар номанависию коргузории давлатӣ истифода мешудааст. Дар асри Кушониён забони бохтарӣ ҳамчун забони расмии давлатӣ эътироф гардид, ки он дар асоси алифбои юнонӣ бо иловаи чандин ҳӯруфоти кушонӣ истифода мешуд. Баъди паҳншавии дини ислом ва аз миён рафтани забони паҳлавии асри Сосониён забони бохтарӣ бо номи забони дарӣ, яъне дарборӣ нуфузи тоза ёфта, дар замони давлатдории Сомониён мақоми давлатӣ пайдо кард. Имрӯз ин забон дар се давлат: Эрон, Афғонистон ва Тоҷикистон забони давлатист.

КТЕСИЙ ДАР БОРАИ БОХТАР ЧӢ МЕГӮЯД?

Аз рӯи навиштаҳои муаррихи юнонӣ Ктесий Бохтар яке аз калонтарин вилоятҳои қисмати шарқии давлати Ҳаҳоманишиниён буда, бо мардуми сершумори ҷасур ва ватандӯсташ шуҳрат доштааст. Ӯ аз мавҷудияти роҳи ободу корвонгарде дарак медиҳад, ки аз шаҳри Эфес то Бохтар тӯл мекашид. Шоҳроҳи марказӣ гӯё дорои сутунҳое буд, ки дар рӯи он фосилаи фарсангҳо, самти шаҳрҳо, ҷойҳои корвонсарой ва ғайра бо аломатҳои махсус ишора гардида буд.

пешина
аз 395
навбатӣ