Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа
РОҲИ БУЗУРГИ
АБРЕШИМ
Роҳи Бузурги Абрешим чун шоҳроҳи тиҷоратӣ, тақрибан дар охири асри II то милод ҳангоми авҷ гирифтани доду ситади абрешими Чин машҳур гардид. Ба воситаи ин роҳ корвони сершумори тоҷирон бо улавҳои боркаш асосан аз сарзамини Чин абрешим ва матоъҳои абрешимиро сӯи Осиёи Марказӣ ва Эрону Рум мебурданд, ки аз ҳамин хотир номи Роҳи Бузурги Абрешимро гирифтааст. Вале қабл аз он, тақрибан 5000 сол пеш, роҳи дигари тиҷоратие бо номи Роҳи Лоҷвард аз ҳудуди Бадахшон сар шуда, тавассути Осиёи Марказӣ то Байнаннаҳрайну Осиёи Пеш рафта мерасид.
ОЁ РОҲИ ЛОҶВАРД АЗ ПОМИР МЕГУЗАШТ?
Тоҷирон сангҳои қимматбаҳои лаълу лоҷварди Бадахшонро ба воситаи Роҳи тиҷоратии лоҷвард ба кишварҳои Осиёи Пеш бурда мефурӯхтанд. Бостоншиносон зимни ҳафриёти мақбараи малика Шубот (ҳазораи 3-и то милод), воқеъ дар Байнаннаҳрайн, муҳраҳо ва ҷомҳои тилоиеро пайдо намуданд, ки дар сохтани онҳо лоҷварди Бадахшон истифода шуда буд. Дар шимоли Ҳинд аз харобаҳои Моҳенҷодаро низ ашёи аз лоҷварди Бадахшон сохтаро пайдо кардаанд, ки қариб 5000 сол умр дорад. Ҳамчунин, дар Катибаи қасри Шуш (соли 520 то милод) ёд шудааст, ки барои сохтмони қасри Доро аз Бохтар тило, аз Суғд лоҷвард, аз Хоразм фируза ва аз Ҳиндустону Ҳабашистон устухони фил овардаанд.
ЧАРО РОҲИ АБРЕШИМ
БАСТА ШУД?
Роҳи Бузурги Абрешим тақрибан 2 ҳазор сол фаъолият карда, зимни равобити доманадор шарқу ғарбро бо колову маводди бозоргир таъмин менамуд. Вале кушода шудани роҳҳои мусоиди обӣ ва равнақи баҳрнавардӣ нуфузи Роҳи Бузурги Абрешим коҳида, роҳи хушкигард рӯ ба харобӣ ниҳод. Баҳрнавардон бо воситаи баҳру уқёнусҳо ба Чину Ҳинд роҳи мусоид ва камхарҷи обӣ кушода, ҷои корвонҳоро дар охири асри XVI ва аввали асри XVII саросар киштиҳои тиҷоратии баҳрнавардон гирифтанд.
РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ КАДОМ ШАҲРҲОРО БА ҲАМ МЕПАЙВАСТ?
Роҳи Бузурги Абрешим аз Чин сар мешуд ва то доманакӯҳҳои Помир мерасид. Ин роҳ ба чанд шоха ҷудо мешуд, ки аз байни онҳо ду шохааш муҳим буд: шохаи якум Помирро бо Истаравшану Хуҷанд, Самарқандро бо Бухорову Марв мепайваст. Шохаи дуюм аз Помир ба Балх ва дигар шаҳрҳои Эронзамин мерасид ва аз он ҷо корвонҳо сӯи баҳри Миёназамин раҳсипор мегардиданд. Боз роҳи корвонгузари дигаре вуҷуд дошт, ки аз Девори Бузурги Чин гузашта, ба Дунҳуан мерасид. Ин роҳ ба воситаи дашти Такламакону Хутан ва Турфону Куча то Кошғар меомад ва сипас сӯи Самарқанд ва Балху Марв мерафт. Корвонҳо ба Чин сангҳои гаронбаҳо, қолин, ҳайвоноти нодир, шишаҳои ранга, ҷавоҳирот, пахта, асп, раққосону ғуломон ва дигар маводди бозоргир мебурданд. Аз Чин аслан абрешиму матоъҳои абрешимӣ, дебову кимхоб, инчунин зарфҳои чинӣ, локҳои луобиро ба кишварҳои дигар содир мекарданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё