Зеҳн
Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа

КӯдаконМаърифатНаврасон
Аз аввал хондан

ЗУҲУРИ ИСЛОМ

Бо зуҳури паёмбари ислом Муҳаммад (с) (571-632) дар миёни арабҳо, ки то ин дам дар парешонию ҷаҳолат мезистанд, дигаргуниҳои азим ба вуҷуд омаданд. Арабҳо то ислом байни ҳамдигар ҳамеша ҷанг доштанд ва аз бими гуруснагиву тангдастӣ ва ба асорат наафтодан ва амсоли ин ҳатто духтарони худро зинда ба гӯр мекарданд.

ПАЁМБАР ҚАБИЛАҲОИ АРАБРО БА ЧӢ ДАЪВАТ МЕКАРД?

Муҳаммад (с) дар давоми 23 соли фаъолияти пурсамари худ (610-632) арабҳоро ба парастиши Худои ягона даъват карда, дар миёни онҳо созишу якдилиро барқарор намуд ва ба ҷангҳои дохилӣ хотима бахшид.
Зодгоҳи паёмбар (с) шаҳри мазҳаби ва тиҷоратии Макка буд. Аммо чун ашрофи Макка нахостанд таълимоти ӯро бипазиранд ва ёрону пайравонашро озор доданд, паёмбар (с) ба шаҳри Ясриб ҳиҷрат кард ва ин шаҳр аз рӯзи ҳиҷрати ӯ (соли 622) номи Мадинат-ун-набӣ ё Мадинаро гирифт. Аз ин сол солшумории мусулмонон оғоз гардида, ҳиҷрӣ (аз калимаи ҳиҷрат – кӯч кардан) номида мешавад.

Қабилаҳои араб то зуҳури паёмбар (с) қисме тобеи Эрон ва чанде зери назорати империяи Руми Шарқӣ (Византия) қарор доштанд. Ҳамин тавр шуҳрати Муҳаммад (с) дар Мадина афзуда, шаҳрҳои дигари нимҷазираи Арабистонро ҳам ба қабули ислом даъват намуд ва таҳти назорати худ овард. Муҳимтарин рукни ойини ислом даъват ба яккахудой ва таслим дар баробари Ӯ буд. Номи дини нав ҳам аз ин ҷо ИСЛОМ, яъне таслим шудан ва итоат кардан ба Худо гардид. Бо марказияти Мадина давлате таъсис ёфт, ки дар таърих бо номи Хилофати Араб ё Ислом машҳур аст.

пешина
аз 395
навбатӣ