Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа
ДАЪВАТҲО ВА
АРКОНИ ИСЛОМ
АРКОН (СУТУНҲО)-И ИСЛОМ БАР ПАНҶ БУД:
-
аввал, калимаи шаҳодат гуфтан: «Ла Илоҳа Илла-л-Лоҳу ва Муҳаммадун расулу-ллоҳ» — яъне, «нест худое ба ҷуз Аллоҳ ва Муҳаммад
фиристодаи Аллоҳ аст»; -
дуввум, панҷ вақт намоз гузоридан;
-
севвум, рӯзаи моҳи шарифи рамазон доштан;
-
чаҳорум, закоти мол додан (барои тавонгарон);
-
панҷум, дар тамоми умр як бор ҳаҷҷи Хонаи Каъба кардан (барои тавонгарон)
КАДОМ ДАЪВАТҲОИ ИСЛОМ БАРОИ ҶАҲОНИ ОН РӮЗ
БЕШТАР ШИГИФТАНГЕЗ БУД?
Ислом ҳамчун дини нави ҷаҳонӣ бо даъватҳои навини созанда зуҳур кард, ки аз ҷумла, дар назди Худованд баробар будани ҳуқуқи тамоми мусулмонон аз шоҳ то гадо эълом дошта шуд, ки то ин дам дар бештари мамлакатҳои олам сохти ғуломдорӣ ва каставӣ буд ва ҳеҷ мумкин набуд ва тасаввур ҳам карда намешуд, ки ҳуқуқи ҳама дар назди Худованд баробар буда бошад. Дигар шиори бузурги ислом «Бихон!» буд, яъне бар ҳама фарз (ҳатмӣ) буд, ки аз хурдсолӣ (аз гаҳвора) то дами марг (то гӯр) илм омӯзанд. Ва мақсад омӯхтани тамоми илмҳои диниву дунявӣ буд, чунонки паёмбари ислом (с) мефармуд: «Агар илм дар Чин бошад, онро биёмӯзед!» Ин шиор ҳам ҳайратовар буд, ки дар ҷаҳони он рӯз ҳеҷ мамлакате чунин равиш надошт ва омӯхтани илм танҳо ба табақаҳои махсус иҷозат дода мешуд.
ОЁ ДАР САДРИ ИСЛОМ ЯГОН НАФАРЕ
АЗ НИЁГОНИ МО БУД?
Дар аввалҳои зуҳури ислом Рӯзбеҳ писари Хушнудон писари Бадахшон, маъруф ба Салмони Форсӣ, ки ба асорати арабон афтода буд, дар шаҳри Мадина паёмбари ислом (с) шахсан ӯро озод намуд. Ӯ мусулмон шуд ва аввалин эроние буд, ки ислом овард. Ӯ минбаъд яке аз наздиктарин ва маҳбубтарин ёрони паёмбари ислом (с) ва мушовири илмии ӯ шуд. Паёмбар (с) чандон ба ӯ эътимод кард, ки узви хонадони худ эълонаш кард ва гуфт: «Салмон аз аҳли байти ман аст».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё