Иншои озод

Китоби мазкур ба довталабони мактабҳои олӣ ва муассисаҳои таълимӣ барои навиштани иншои озод кӯмак мерасонад. Дар он намунаҳои иншоҳо ва маслиҳатҳо оид ба риояи қоидаҳои имло ва коркарди мавзӯъҳо оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 40 саҳифа
собит сохт, ки давлати муаллим тарбияи шогирдон аст. Ӯ аз пешрафт ва комёбии эшон ифтихор мекунад. Хушбахтона, дар мушкилтарин даврони рӯзгори мо омӯзгорон ҳамеша дар хидмати халқу Ватан қарор доштанд. Ҳарчанд ба шароити гарони зиндагӣ рӯ ба рӯ омаданд, аммо мардона дар бунёди манораи ақлҳо саҳми шоиста гузоштанд.
Аз ин рӯ, эҳтироми устод вазифаи муқаддаси ҳар инсон аст. Ҳаёт бошад, давоми мантиқии дарси муаллим аст. Оре:
Ҳар кӣ н-омӯхт аз гузашти рӯзгор,
Низ н-омӯзад зи ҳеҷ омӯзгор.
Имрӯз низ муаллим миёни ҷомеаи мо соҳиби иззату икром буда, аз ҷониби пиру барно ба сифати шахсияти нотакрору донишманд эътироф мегардад. Барҳақ, адиби рус Л.Толстой фармудааст: «Муаллимӣ ҳунарест оливу наҷиб».
Подоши заҳмати муаллим зуҳури шогирди донишманд аст.
ҚАДРИ НОН
Аз замин нонрезаҳоро чида мемолам ба чашм,
Нони гарми меҳнатиро дида мемолам ба чашм.
(М.Турсунзода)
Нон аз шумори он муқаддасотест, ки дар ҳама давру замон инсон ба он ниёз дорад. Агар дақиқтар андеша ронем, ҳастии инсонро ба нон тасаввур кардан нашрояд. Аз ин рӯ, нон бебаҳотарин сарвати ҳаёти моддии инсон аст ва қадру манзалати он дар радифи сарватҳои муқаддаси маънавӣ қарор дорад.
Агар назаре ба оинаи таърих андозем, дарҳол хоҳем фаҳмид, ки одамони қадим бо шикори ҳайвонот рӯз мегузарониданд. Хӯроки асосии онҳо гӯшт буд. Баъдан онҳо оҳиста-оҳиста кишту кори заминро ёд гирифтанд. Нахустин чизи ба замин киштаи онҳо дони гандум буд. Аз ҳамон замон то имрӯз нон барои инсон неъмати азизу

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё