Зеҳн
Иншои озод

Китоби мазкур ба довталабони мактабҳои олӣ ва муассисаҳои таълимӣ барои навиштани иншои озод кӯмак мерасонад. Дар он намунаҳои иншоҳо ва маслиҳатҳо оид ба риояи қоидаҳои имло ва коркарди мавзӯъҳо оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 40 саҳифа

АдабиётМаориф
Аз аввал хондан

бебаҳо боқӣ мондааст. Қадр кардани нон ҳамчун анъанаи писандида аз як аср ба асри дигар мегузарад. Аз қадим одамон нисбати нон эҳтироми махсус дошта, ҳар резаи нонро ба чашм мемолиданд ва намегузоштанд, ки нон хор шавад. Нон рамзи бебаҳотарин неъмати дунё, хушбахтиву комронӣ, муҳаббату садоқат, покию рафоқат дар ҷаридаи олам шабеҳи шоҳбайте сабт гаштааст. Дар он ҷое, ки нон аст, адабу фарҳанг ва санъат низ ба мушоҳида мерасад. Нон зейнати дастархон, қуввату дармони мардум аст. Дар тӯли таърих ҳазорҳо нафар одамон ба вазъи гарони зиндагӣ рӯ ба рӯ шуда, «нон»-гӯён ҷон додаанд. Ба ин маъnӣ Сайидо гуфтааст:

Муяссар нашуд дидани рӯйи нон,
Басе халқ нон гуфта доданд ҷон.

Халқи тоҷик анъанаҳои фаровони ҳамидаи миллӣ дорад. Масалан, ба зери бистари кӯдак гузоштани нон, меҳмонро бо нону намак пешвоз гирифтан ва ҳангоми сафар нон дар бар доштан – ҳар яке рамзи худро дорад.

Хулоса, аввалин чизе, ки ба рӯи дастархон мегузоранд, нон аст. Оре, нон давлати Худодод ва нерӯи ҷисми инсонист. Бояд зикр намуд, ки муносибати на ҳама одамон бо нон як хел аст. Дар ҷомеаи шаҳрвандии мо онҳое, ки нони муфт мехӯранд, ҳеҷ гоҳ ба қадри он намерасанду қимати нонро ҳам намедонанд. Бо мақсади расидан ба қадри нон гузаштагони мо бо зӯри ду бозу нон мехӯрданд. Шоир Мушфиқӣ фармудааст:

Мудом, эй нури чашмам, Мушфиқӣ, аҳли вафо мебош, Ҳунарро пеша медору ба зӯри хеш мехӯр нон.

Фаровонии нон ба қобилияти кордонӣ ва талошҳои мунтазами деҳқон вобаста аст. Маҳз бо фидокорӣ ва меҳнатқаринии он аз замин гандум мерӯяд. Одамон гандумро орд карда, нонҳои гарму лазиз мепазанд. Носири Хусрав хуррамии оламро маҳсули заҳмати деҳқон донистааст:

пешина
аз 40
навбатӣ