Зеҳн
Иншои озод

Китоби мазкур ба довталабони мактабҳои олӣ ва муассисаҳои таълимӣ барои навиштани иншои озод кӯмак мерасонад. Дар он намунаҳои иншоҳо ва маслиҳатҳо оид ба риояи қоидаҳои имло ва коркарди мавзӯъҳо оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 40 саҳифа

МаорифАдабиёт
Аз аввал хондан

мисли «Авесто», «Ёдгории зарирон», «Дарахти ассурик» боқӣ мондааст.

Махсусан, замони салтанати Сомониён барои рушду камолоти сухан ва анъанаи китобдорӣ заминаҳои мусоид фароҳам овард. Дар Бухорои давраи Сомониён китобхонаи калони давлатӣ бо номи «Ганҷинаи ҳикмат» амал мекард. Хушбахтона, имрӯз дари Китобхонаи миллии ба номи Фирдавсӣ ба рӯи ҳамаи ниёзмандон боз аст.

Воқеан, дар ягон давру замон бе китоб — ғизои маъзнавӣ зиндагии рангинро наметавон тасаввур намуд. Ба таъбири халқ: «Хонаи бе китоб — рӯзи бе офтоб» аст. Хушбахтона, ин анъанаи неки гузаштагон, яъне санъати китобдориву сухансозӣ имрӯз низ дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо мавқеи шоиста дорад. Ҳар рӯз аз тариқи нашриётҳои давлативу хусусӣ садҳо китоб ба нашр расида, ҳамчун неъмати бузург ба хони маънавии мардум гузошта мешавад.

Оре, «ганҷ магир — китоб бигир» мегӯянд. Ганҷ агар масраф гашта, ба итмом расад, китоб як умр чун ёри бовафо ва беозор боқӣ хоҳад монд:

Беҳтарин ёри вафодор китоб аст, китоб,
Ёри бе захмату озор китоб аст, китоб.

ДУШАНБЕ — ПОЙТАХТИ МО

Шаҳри паймони ман, Душанбе,
Фахри даврони ман, Душанбе.
Пояи ваҳдати тоҷикон,
Дар дилу ҷони ман, Душанбе.
Саидалӣ Маъмур

Душанбе шаҳри калонтарини ҷумҳурӣ, маркази илму фарҳанг — пойтахти Тоҷикистон мебошад. Ин шаҳри зебову дилоро таърихи худро дорад. Баъди Инқилоб, яъне соли 1924 дар Осиёи Миёна тақсимоти миллии марзӣ сурат гирифт. Халқҳои минтақа ба давлатҳои хурди миллӣ тақсим гаштанд. Аз ҷумла, тоҷикон низ пойтахти давлати

пешина
аз 40
навбатӣ