Иншои озод

Китоби мазкур ба довталабони мактабҳои олӣ ва муассисаҳои таълимӣ барои навиштани иншои озод кӯмак мерасонад. Дар он намунаҳои иншоҳо ва маслиҳатҳо оид ба риояи қоидаҳои имло ва коркарди мавзӯъҳо оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 40 саҳифа
Худ аз Бухоро ба Душанбе оварда, онро маркази Тоҷикистон эълон доштанд.
Халқи тоҷик аз ин бохти таърихӣ рӯҳафтода нашуда, баҳри эъмори Душанбеи азизаш камари ҳиммат баст. Оҳиста-оҳиста деҳаи хурди Душанбе симои худро дигар карда, тадриҷан ба шаҳри бузург мубаддал гашт.
Баъди ҷумҳурии иттифоқӣ ном гирифтани он эътибори Душанбе афзуда, соли 1929 номи Сталинободро гирифт.
Соли 1961 аз нав номи қадимааш — Душанбе барқарор карда шуд.
Бешубҳа, Душанбе асосан дар даврони ҳокимияти собиқи шӯравӣ қомат афрохта, қабои рангин ба бар кард.
Хонаҳои серошёна, қасру толорҳои барҳаво, театр, биноҳои маъмурию фарҳангӣ ҳамон солҳо сохта шудаанд. Илова бар ин, шаҳри Душанбе маркази сиёсӣ, фарҳангӣ ва иқтисодии ҷумҳурӣ мебошад. Дар канори ин шаҳри зебоманзар намояндагони миллатҳои мухталиф дӯстона зиндагӣ доранд. Онҳо аллакай ба расму русуми тоҷикон мутобиқ гашта, дар чорабиниҳои миллӣ, мисли Наврӯз, Сада, Ҷуфтбаророн, Иди Қурбон фаъолона иштирок менамоянд. Душанбе маҳз бо заҳмату талош ва ҷонбозиҳои тоҷикон ва дигар миллатҳои бародар мақоми шоиста касб карда, ба ҷаҳониён чун шаҳри дилоро муаррифӣ гаштааст.
Байти машҳури шодравон Боқӣ Раҳимзода сифати
ҳусни Душанбеи азизи мост:
Аҷаб шаҳри дилорои Душанбе,
Хаёлам зеби дунёӣ Душанбе.
Халқи тоҷик дар тӯли таърихи чандҳазорсолаи худ шаҳру пойтахтҳое бунёд кардааст, ки мавриди таваҷҷӯҳи оламиён будаанд. Суннатҳои шаҳрдорӣ ва санъати меъмории онҳо, ки хусусиятҳои миллӣ ва умумибашарӣ доранд, то замони мо боқӣ мондааст.
Душанбе барҳақ меросдори онҳост. Имрӯз, ки
Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақилу демократӣ аз
ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ шинохта шудааст, масъулияти
шаҳрдорӣ низ ба тадриҷ меафзояд, зеро акнун Душанбе

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё