Зеҳн
Иншои озод

Китоби мазкур ба довталабони мактабҳои олӣ ва муассисаҳои таълимӣ барои навиштани иншои озод кӯмак мерасонад. Дар он намунаҳои иншоҳо ва маслиҳатҳо оид ба риояи қоидаҳои имло ва коркарди мавзӯъҳо оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 40 саҳифа

МаорифАдабиёт
Аз аввал хондан

Халқи тоҷик аз шумори он миллатҳоест, ки марзу буми худро хеле дӯст медорад ва барои ҳастии он ҷоннисорӣ мекунад. Корномаҳои Темурмалику Шерак, Деваштичу Восеъ далели гуфтаҳои болост. Шоири шинохтаи тоҷик Лоиқ Шералӣ ибтидои Ватанро аз гоҳвора ва шири поки модар донистааст.

Ватан сар мешавад аз гоҳвора,
Зи шири поку аз пистони модар,
Ватан сар мешавад аз он тавора,
Ки онро сохта дастони модар.
Ватан беҳбудию беҳрӯзии мост,
Ватан хушномию фирӯзии мост.

Дар олам чанд муқаддасоти ягона ва такрорбнашавандае мавҷуд аст, ки Модару Ватан низ ба он шомил мегарданд. Ҳисси ватандӯстӣ ба дараҷае расидааст, ки хокашро аз тахти Сулаймон ва хорашро аз лолаву райҳон хуштар медонанд:

Хоки Ватан аз тахти Сулаймон хуштар,
Хори Ватан аз лолаву райҳон хуштар.

Аз ин байти пурмазмун чунин андеша бармеояд, ки Ватан ифтихор, шаъну шараф, ноёбтарин неъмат, сарвати бебаҳост, ки онро ба ҳеҷ ганче наметавон иваз намуд.

Оромиву шукӯҳ ва шукуфоии Ватан ба масъулияти ҳар як сокини он вобаста аст. Агар Ватан орому осуда буда, дар саросари он сулҳу субот ҳукмрон бошад, нозу неъмат фаровон гашта, муҳаббати мардум меафзояд. Дар он ҷое, ки пояҳои маънавиёт устувор набошанд, акси ин ҳол ба миён меояд.

Муҳаббат ба Ватан асосан дар давраи кӯдакӣ зоҳир шуда, минбаъд ташаккул меёбад. Инсон ба ҳар зарра хоку ҳар қатра оби Ватан ончунон дил мебандад, ки бе он наметавонад хушбахту бахтиёр бошад. Ҳиссиёти ватандӯстӣ ин худ садоқат ба Ватан, ва ба нафъи вай хизмат кардан мебошад.

Маънии калимаи Ватан дар ашъори шоирон мавқеи хоса дорад. Ҳаким Фирдавсӣ дар «Шоҳнома»-и безаволи

пешина
аз 40
навбатӣ