Иншои озод

Китоби мазкур ба довталабони мактабҳои олӣ ва муассисаҳои таълимӣ барои навиштани иншои озод кӯмак мерасонад. Дар он намунаҳои иншоҳо ва маслиҳатҳо оид ба риояи қоидаҳои имло ва коркарди мавзӯъҳо оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 40 саҳифа
худ, ки саршори идеяи ватандӯстӣ ва адолатхоҳист, ҳифзи Ватанро аз баҳои ҷон болотар гузошта, гуфтааст:
Ҳама сар ба сар тан ба куштан диҳем,
Аз он беҳ, ки кишвар ба душман диҳем.
Дар ашъори Ҳабиб Юсуфӣ Ватан ба таври мушаххас ва образнок тасвир ёфтааст. Ватан барои ӯ ҳамчун хонаи умед ва бахшандаи бахту саодат, модари азизу меҳрубон мебошад:
Ватанро бинозам, маро дар канор,
Чу модар гирифту намуд бахтиёр...
Мурод аз офаридани образи ватандӯстона дар адабиёти олам бешубҳа, бедор кардани ҳисси ифтихори миллӣ ва муҳаббат ба марзу буми аҷдодист.
Вале вазифаи мо танҳо аз Ватан ва бузургрони миллат ифтихор кардан набуда, ба корнамоӣ ва ҷонфидоии нав, кашфи падидаҳои нодир вобаста аст. Агар ҳамаи мо аз олами расму русум ва анъанаҳои милливу башарӣ баҳраманд гардем, ватани соҳибистиқлоли мо низ ба шумори давлатҳои тараққикарда ва мутамаддин ворид хоҳад гашт. Шукуфоии Ватан ба масъулиятшиносӣ ва заҳмати пайвастаи мо вобаста аст.
ДӮСТОН БОШАД...
То тавонӣ, дӯстонро гум макун,
Дӯстони меҳрубонро гум макун.
(Мирзо Турсунзода)
Инсон баъди шинохти худ оҳиста-оҳиста ба донистани оламу одам мароқ зоҳир мекунад. Зиндагӣ бидуни дӯст номумкин аст. Ҳатто дар замони наврасӣ низ ҳамаи мо вобаста ба диду хоҳиши худ ба нафаре қарин гашта, дӯст мегардем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё