Зеҳн
Иншои озод

Китоби мазкур ба довталабони мактабҳои олӣ ва муассисаҳои таълимӣ барои навиштани иншои озод кӯмак мерасонад. Дар он намунаҳои иншоҳо ва маслиҳатҳо оид ба риояи қоидаҳои имло ва коркарди мавзӯъҳо оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 40 саҳифа

МаорифАдабиёт
Аз аввал хондан

Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945), ҷанги одилонаю озодихоҳонаи халқи собиқ Шӯравӣ барои озодӣ ва ҳимояи Ватан алайҳи фашизм буд. 22 июни соли 1941 қувваҳои мусаллаҳи Германия ногаҳон ба эълони пешакии ҷанг ба Иттифоқи Шӯравӣ ҳуҷум карданд. Роҳбарони сиёсии Германия нақшаи ҳуҷумро, бо номи рамзии «Барбаросса» буд, тасдиқ намуданд. Ин нақша, яъне ҷанги «Барқосо» бо мақсади дар муддати кӯтоҳ несту нобуд кардани Армияи Советӣ ба миён омад.

Новобаста аз омодагии амиқ ва бартарӣ аз ҳисоби дороии техникаи ҷангӣ ба мардуми шарафманд ва бонангу номӯси Шӯравӣ муяссар шуд, ки зафар ёбад. Халқи Советӣ дар ҳама самтҳои асосии амалиёти ҷангӣ:

Ленинград, Москва, Украина, Курск, Днепр ва ғайра бо қурбонии зиёд муқобили душман истодагарӣ намуда, қушунҳои фашистиро маҳв месохт.

Сабаби асосии пирӯзӣ дар ҷанг дӯстиву бародарии халқҳои мухталиф, вале як дилу як забони Шӯравӣ буд. Мардум ҷон дар каф ҳар ваҷаби марзу буми хешро мардонавор ҳимоя мекард. Нерӯи тавонои мардум рӯҳи «шикастнопазири» душманро шикаст. 8 майи соли 1945 Германия ба акти таслимшавӣ имзо гузошт. Баъди 9 май рӯзи Иди Ғалаба эълон гардида, анъанаи таърихӣ гардид. Ҳар сол мардуми собиқ Шӯравӣ Иди Ғалабаро ҳам бо нишот ва ҳам бо андӯҳ истиқбол мегирад.

Дар қатори фарзандони шарафманди русу украин, белорусу қазоқ даҳҳо диловарони тоҷик, аниқтараш 53 нафар сазовори унвони олии «Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ» гардиданд. 14 нафар бо ордени «Шараф» ва 50000 нафар бо ифтихорномаю медад мукофотонида шудаанд.

Оре: Ҳар ки бо меҳру вафо бар халқ хизмат мекунад, Номи худро сархати девони миллат мекунад.

Корнамоии беназири Исмоил Ҳамзаалиев, Домулло Азизов, Ҳодӣ Кенҷаев, Неъмат Қрабоев, Сафар Амиршоев дар саҳифаи сабзи таърихи Ватан абадӣ сабт гаштааст, ки ифтихори мост.

пешина
аз 40
навбатӣ