Зеҳн
Иншои озод

Китоби мазкур ба довталабони мактабҳои олӣ ва муассисаҳои таълимӣ барои навиштани иншои озод кӯмак мерасонад. Дар он намунаҳои иншоҳо ва маслиҳатҳо оид ба риояи қоидаҳои имло ва коркарди мавзӯъҳо оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 40 саҳифа

МаорифАдабиёт
Аз аввал хондан

Хушбахтона, халқи тоҷик, бахусус, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати нигоҳубин ва кӯмак ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ чораҳои мушаххаси амалӣ андешида истодааст. Онҳо аз имтиёзҳо бархӯрдор буда, кӯмакпулӣ мегиранд. Ба барҷомондагон дар ҷои иқомат хизмат расонида мешавад. Ҳар сол иди Ғалаба бар фашизм ботантана ҷашн гирифта мешавад. Албатта, зинда доштани ин санаи таърихӣ вазифаи муқаддаси мост. Касе ҳақ надорад, ки онро фаромӯш созад.

Оре, ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш нахоҳад шуд.

ҲИКМАТИ БУЗУРГОНИ ОЛАМ

Нон яке аз комёбиҳои калони хиради инсонист. (К.Тимирязев)

Химия фанни аҷоиб аст, дар он хушбахтии инсоният ниҳон аст.
(М.Горкий)

Асоси шахс то 5 солагии кӯдак гузошта мешавад.
(А.С. Макаренко)

Фирдавсӣ султони шеър аст ва «Шоҳнома» шоҳиди салтанати ӯст.
(А.Навой)

Агар касбро дуруст интихоб намоед, бахту сурур худаш шуморо мекобад.
(К.Ушинский)

Омӯзгор — ин шахсест, ки ҳамаи чизҳои пурқимати замонро ба насли наврас медиҳад.
(К.Луначарский)

Забон ва тандурустӣ аз инсон на танҳо донишандузӣ дар соҳаи илм ва санъат, балки тамоми умр ба машқҳои ҷисмонӣ машғул шуданро талаб мекунад.
(Афлотун)

пешина
аз 40
навбатӣ