Зеҳн
Иншои озод

Китоби мазкур ба довталабони мактабҳои олӣ ва муассисаҳои таълимӣ барои навиштани иншои озод кӯмак мерасонад. Дар он намунаҳои иншоҳо ва маслиҳатҳо оид ба риояи қоидаҳои имло ва коркарди мавзӯъҳо оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 40 саҳифа

МаорифАдабиёт
Аз аввал хондан

Зиҳӣ, модар, бо чунин қудрату матонат, эҳсону ҷасорат ва меҳру садоқати беканор, ки бузургони олам пешат сар фуруд меоранд...

НЕКӢ БИМОНАД ҶОВИДОН

Некӣ куну ба об андоз!

Нек, хуб, нағз, хуш рамзи амалу кирдори писандидаи одамон буда, муқобили бад аст. Ҳар амале, ки бо диди нек анҷом пазирад, подошаш низ хуш мегардад. Некӣ аз шумори он хасоили ҳамидаи инсонист, ки тӯли таърих дар рафтору кирдори одамон зоҳир гашта, то имрӯз мисли як амали хайр мақоми шоиста дорад. Инсонҳои шарифу дурбин маҳз ба василаи некӣ номи худро ба ҷаридаи олам ворид кардаанд. Барои иҷрои ин амали савоб ҷоннисорӣ ва аз худ гузаштанҳо лозим меояд. Новобаста ба он ки амали хуб мукофот мегирад ё на, мо бояд ба иҷрои корҳои шоиста иқдом намоем. Дар ин бора Саъдии Шерозӣ гуфтааст:

Нек бошӣ бадат гӯяд халқ,
Беҳ, ки бад бошию некат донанд.

Ҳар кӣ дар олам пайваста бо некӣ кӯшид, умри абад ёфт. Накӯкории аҳли саҳо, ҷонбозиҳои қаҳрамонон, шабзиндадории орифону шоирон ҳамчун нишони амали нек то замони мо расидааст. Баръакс, пастҳимматону бадкорон, маккорону бахилон ҳамчун образи манфӣ мазаммат гардида, мавриди танқид қарор мегиранд.

Аммо корномаҳои қаҳрамононаи фарзандони асили миллат, мисли Шерак, Темурмалик, Муқаннаъ, Деваштич имрӯз ҳамчун дарси маҳорату ҷасорат ба насли наврас омӯзонида мешавад. Албатта, некӣ бояд чун амали гуворо бетамаъ бошад. Дар сурати боисрор мукофот ҷустан амали кас нек ҳисобида намешавад. Некии ҳақиқиро мукофот худ истиқбол мегирад. Як нишони асосии некӣ дасткушодиву ҳимматбаландист. Касе бо некӣ ҳамсозӣ дорад, ҳамеша саодатманд ва дар амон аст. Носири Хусрав гуфта:

пешина
аз 40
навбатӣ