Зеҳн
Иншои озод

Китоби мазкур ба довталабони мактабҳои олӣ ва муассисаҳои таълимӣ барои навиштани иншои озод кӯмак мерасонад. Дар он намунаҳои иншоҳо ва маслиҳатҳо оид ба риояи қоидаҳои имло ва коркарди мавзӯъҳо оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 40 саҳифа

МаорифАдабиёт
Аз аввал хондан

Ҳамеша некхоҳи мардумон бош,
Ба некӣ кӯш в-он гаҳ дар амон бош!

Ё ки: Некӣ кунӣ, ба ҷои ту некӣ кунанд боз,
В-ар бад кунӣ, ба ҷои ту аз бад бадтар кунанд.
Пайдост, ки дар олам касе ҷовид нест. Инсон вуҷуди миранда аст. Аммо кори неку амали хуш ҷовидонист. Лоиқ гуфтааст:

Дунёи савдо бигзарад,
Андӯҳи дилҳо бигзарад.
Ҳам навбати мо бигзарад,
Аммо ба зери осмон
Ҳамчун замини бекарон
Некӣ бимонад ҷовидон...

Мусаллам аст, ки некӣ новобаста ба тағйир ёфтани сохтори зиндагӣ, тарзи давлатдорӣ, паси сар гаштани қарнҳо ба сифати ахтари тобноки осмони тамаддун боқӣ хоҳад монд. Аз ин рӯ, ҳамаи моро зарур аст, ки дар ҳама ҳолат некӣ карданро фаромӯш насозем.
Доруи намурдан амали хайру савоб буда, давоми умри инсон ба ҳисоб меравад. Барҳақ шоир фармудааст:

Дардо, аламо, ки оқибат мемирам,
Беҳуда бувад пеши аҷал тадбирам.
Доруи намурдан аст, мурдан хушном,
Ман қасди аҷалро зи амал мегирам.

Пас, накӯкориву некандешӣ вазифаи муқаддаси омили ҳастии инсон аст.

ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО

Забон дар даҳон, эй хирадманд, чист?

  • Калиди дар ганҷи соҳибҳунар.
    (Саъдии Шерозӣ)

Забон воситаи муҳимтарини алоқаи байни одамон аст. Ҷомеа ва забон баробар пайдо шудаанд ва зуҳури ҳар

пешина
аз 40
навбатӣ