Зеҳн
Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа

АдабиётҚиссаҲикоя
Аз аввал хондан

мепиндоранд? Девонаро ба ҳар савор кардаанд? Барои ҳамин Шаҳноз вайро ба ҷону ҳолаш намонда овард? Барои ҳамин худи худозадаи шавҳараш ҳам «биё, равем» гуфт? О, вайро аз ин пеш ба ягон тӯю маъракаи шиносу ҳамкоронаш намебурд, гӯё ҳазар мекард, муносиб намедонист. Аммо имрӯз?

Оташи ҷанг дар хонадони онҳо баъди ҳамон шаби тӯй хомӯш намегашт. Ширҳои хӯрдаи Нозимиро аз нӯги биниаш овард. «Аз хона рав, пеши вай раққосаат рав, несту нобуд шав, рав» Нозимиро аз кор ба чунин мазамратҳо пешвоз мегирифт. Ба қавли шавҳараш, меҷакиду, меҷакид, даҳонаш дард намекард. Сағи чакок шуда буд ӯ...

Ҳархаша, ҷанҷолашон бас нашуда буд, ки Нозимӣ боз як «гуноҳ» содир намуд: дар газета дар бораи Шаҳноз як мақолаи калонаш чоп шуд. Мушарраф онро хонда чинӣ шуд. Шавҳараш ин қадар Шаҳнозро дӯст медоштааст! Вайро дар хушрӯй бемисл, дар одоб, дар рақс бемисл гуфта ба осмон баровардааст! Он мақола не, гӯё мактуби ошиқонаи шавҳараш ба Шаҳноз буд. Баъди ин Мушарраф гуноҳи Нозимиро набахшид. Ҳаргиз, ба ҳеҷ ваҷҳ!

Аз паи ҷустуҷӯи Шаҳноз шуд. Ӯ дар мактаб наменамуд. Куҷо рафта бошад? Чаро пояш канда? Дар орзуе, ки як бубинаташ. Бубинаду як чакра хунашру дар пешаш равшан кунад, аз кундаи мӯяш гирад...

— Шаҳноз куҷо шуда бошад? — аз холаи Хиҷолат пурсид... Номи ӯро ба забон оварда ранги рӯяш канд, ларзааш омад.

— Нотинҷ шудӣ, бачам? — заҳрханда кард холаи Хиҷолат.

— Ҳа, — аз аҳволи Мушарраф ӯ хабардор будааст.

— Апаю хоҳар барин будед-ку, ба ҳоли ту механдидам, ҳайрон будам.

— Медонистед?

— Ман, бачам, ғайри рӯзи мурдаи худам дигар ҳама чизро медонам... Ин духтар қатии шавҳари ту ким-кай-ҳо боз соз, мазахӯраканд, мазахӯрак. Нозимӣ мурад ҳам, дигар аз Шаҳноз халос шуда наметавонад, ба ҷел ғалтид, дармонд... — Холаи Хиҷолат бо оҳанги мутантан гуфт: — Шаҳноз аз шавҳарат умедвор...

Аз алам дигар сухане ба забони Мушарраф наомад. Сатилу ҷорубашро аз замин бардошт. Аз паи кор шудани буд. Лекин роҳ рафта наметавонист, мадораш намонда

пешина
аз 399
навбатӣ