Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа
буд. Сараш, ба хаёлаш, аз худаш не, дунё гирд-гардон... Ана, хонасӯхтаи шавҳараш ва ин духтар чӣ мақсаду нияте доштаанд.
Дар сари ҳамин бехудию ҷаҳл ногоҳ Шаҳноз аз дари ҳавлии мактаб даромад.
— Салом, апа.
— Салом медиҳӣ ба ман? Хуб мекунӣ, салом те, сазоят ҳамин, гӯй.
— Чӣ гап шудааст, апа?
— Намедонӣ? Масхара мекунӣ, хонаам вайрон шуд, кӯдаконам бепадар монданд. Боз мепурсӣ, чӣ гап? Бар падарат... худоё ҷавонмарг мурӣ, шӯ наёбӣ, ҳасратию ормонӣ шавӣ...
— Аз шавҳарат мондӣ? — гирди лабони Шаҳноз ханда давид. Гӯё ӯ Шаҳнозе набуд, ки то дирӯз «апа» гуфта бо ҳазор забон ба вай хушомад мезад, дар наздиш сар боло намекард, деви афсонавне менамуд. Қоҳ-қоҳ мезад, сурат ва сирати шуме. Тоқаташ намонд, ба сараш давид... Мӯйҳои майдабофти ӯро миёни панҷаҳояш печонд, ба замин кашид, афтондаш. Чиррос мезад Шаҳноз, пеши пойҳояш мепечид... Талабаҳо, муаллимон, фаррошҳо омаданд. Бо як азобе Шаҳнозро аз зери дасти ӯ раҳонданд. Аммо оташи ғазаби Мушарраф шӯълаафкантар мешуд, ба ҷониби Шаҳноз ҳамла меовард... Шаҳноз гиррёну нолон ба ҷон кори Нозимӣ меравад, аз гиребонаш мегирад. «Ё ман, ё занатро мегӯӣ, ҷавобашро те... Ман дигар сир пинҳон намекунам, ба ҷое, ки поям расид, медавам, шармандаю беобрӯ мешавӣ, суд мекунам» — талаб менамояд аз ӯ.
Барои ҳамин Нозимӣ он бегоҳ бо димоғи сӯхта ба хона баргашта будааст, сарҳисоби кораш гум. Дар хаёле, ки бо чӣ роҳ аз балои ба сараш омада раҳад... Чӣ чора ҷӯяд? Ба замми ҳамин ин Мушарраф ба сараш санги осиёро гардон кард, то саҳар, ба ақидаи Нозимӣ, ба ҷонаш расонд. Нозимӣ хонааш, Мушаррафро тарк намуд, гуму гӯр шуд. Ҳамон рафтагиаш рафт. Вале Мушарраф то ба хонавайронӣ расидани ҷанҷолро интизор набуд. Вақте шавҳараш аз дар баромад, хаёл кард, ки дунё ба назараш тира гашт, торикии ваҳмангез, пуртаҳлука...
— Ту то як чиро мефаҳмӣ, бачам, ки хеле сол мегузарад, беақлӣ, беақл... таъкид кард модар.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё