Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа
Дили Меҳрубон хиҷил шуд. Шаҳноз додои ӯро гирифтааст, дигар ӯро пеши вай омадан намемонад, каллапар шавад, мурад ӯ.
Дасти хоҳарақаш — Мижгон дар даст аз дар берун шуд Меҳрубон. Аз хонаашон дур рафтанд, назди бинои баланде истоданд.
— Ин ҷо ошхона, — ошёнаи аввали биноро ба хоҳараш нишон дод Меҳрубон, додом қатӣ омада будем, кабоб хӯрдем, лимонад гирифта доданд. — Ҳанӯз онҳо чашм ба бинои баланд буданд, ки мошини бисёре пайдо шуд, бо гулу лентаҳо ороёфта. Як «Волга»-и сап-сафеди нав наздики онҳо қарор гирифт. Аз мошин падараш, баъд Шаҳноз фуромад... дасти падараш дар зери бағали Шаҳноз, дар тани Шаҳноз либосҳои дароз, сафед, зебо, падараш ҳам шиму костюми нави сиёҳ дар бар. Ба қомати баҷандаш мезебиданд либосҳояш.
— Додо! — дасти Мижгонро раҳо дод Меҳрубон — Додо, додоҷон!; — Падараш ӯро дид. — Додо — пештар давид ӯ. — Биёед, хона, пеши очам меравем. Шаҳноз, ту дафъ шав! Додои маро нагир, додома сар деҳ...! — Доду мағал бардошт. Одамони бисёре аз роҳ бозистоданд, падараш ҳам... Баъд ҳама ба ошхона даромаданд. Садои суруди «Ёр-ёр», садои мусиқии ҷаз овози бачаро пахш мекард. — Додо, додо... — мегуфт Меҳрубон, падараш дигар овози ӯро намешунид...
Ба Мушарраф хабар доданд, ки фарзандонаш дар тӯи падарашон, онҳо гиррёну нолон... Ба сари онҳо давид, аз дасти Меҳрубон гирифт. «Додояшон» ақиб монд. Аммо дили Меҳрубон, хаёли ӯ ба падар, худашро ба ақиб мекашид.
— Меҳрубон! — модар дасти писарашро миёни панҷааш сахт фушурд. Лекин вай аз дасти модар раҳо ёфт, рӯ ба роҳи омадааш, ба ҷониби ошхона гурехт.
— Куҷо меравӣ? Гард!
— Пеши додом.
— Додо нашуда мурад вай! Ист, нарав, гӯшҳоятро канда мепартоям, мекушам, — аз паси Меҳрубон метохт модар. Одамон аз пешаш мегузаштанд, тӯй мерафтанд. Лекин Мушарраф гӯё онҳоро намедид, медавид... Меҳрубон аз ӯ дуртар мешуд. Модар бо азоб ба лаби домани куртаи Меҳрубон чанг андохт. Пеш кашид. «Пеши додом меравам, пеши додоҷонам!» Меҳрубон худро рӯи роҳ партофт, болои хоку лой ғел мезад,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё