Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа
теппа, ёлаҳо афтодааст, роҳ пурхок, аз зери қадамаш чанг мехезад. Аз он рӯзе, ки бори аввал бо ин роҳ мегузашт чор сол меравад. Акнун ваҷаб ба ваҷаб ин роҳи пасту баланди деҳаи Сиёҳдонаро медонад вай. Дар ин чор сол рӯзҳое буданд, ки Мушарраф ду бор ҳам аз ин роҳ гузашта ба хабаргирии Меҳрубон омада рафтааст.
Ҳамон рӯз Мушаррафро ба хонаи шавҳараш оварданду пагоҳиаш дасти Мижгонаш дар даст ӯ бо ҳамин роҳ ба хонаи падар, ба назди Меҳрубонаш баргашт. Ҳавлиашон пури одам. Имрӯз ҳам амаки Саидаҳмад дар дегҳои маърака ош мепухт, имрӯз ҳам думи меҳмонҳо, ҳамсояҳо канда набуд. Тӯи Мушаррафро меҳӯрданд, хурсанду шод буданд ҳама, аҳли хонадонашон ҳам. Кӯдако, бачаҳо додаронаш миёни ҳавлӣ бозӣ, даву тоз доштанд. Аз миёни онҳо Меҳрубонашро ҷӯё буд Мушарраф... Кош ӯ ҳамроҳи онҳо мебуд, кош модар вайро хурсанд, дар айни бозию мастӣ медид... Дар миёни бачаҳо бачаҳакаш набуд... Дар хона будааст, хоб, дарро ба рӯяш бастанд. Занҷири дарро кушод, сараш дар дами дар, болои гилем. Гириста-гириста дар ҳамин ҷо хобаш бурда будааст. Сулҳия ном менамуд, модараш ҳам. Аз паи кор будаанд. Ӯ ҳеҷ гоҳ бачаҳакашро танҳо нагузошта буд, дилаш намешуд. Оре, Меҳрубонаш ба шудаш азиз, сағера шуданаш маълум шуд, ҳам аз падар, ҳам аз модар монда...
Модараш пайдо шуд, Сулҳия ҳам омад.
— Омадӣ?! Хаёл кардем шӯхӣ мекунӣ... Хуб накардӣ, мардум механданд. Бо обу изат меомадӣ, хонаталбон мекардем...— Модар ба сараш як олам ғурбат кард, — қадри худатро надонистӣ, сабукӣ ту, сабуки бодӣ...— аз газаҳ чӣ гуфтанашро намедонист модар.
— Бачаамро танҳо мондед, оча, омадам, дар ба рӯяш занҷир.— Мушарраф ба гуфтаҳои модар эътибор надода сари тифлашро ба болои зонуяш монд, сараш тафсон, аз гиря чашмонаш варамида буданд, аз оби дида рухсораҳояш тар.
— Ҳеҷ гап нашудааст, бачам,— гуфт модар.
— Хаёл доштам, ки худам барин ба вай нигаҳбон мешавад. Ғамашро мехӯред...
— Беҳуда ғурбат макун, бачам.
— Танҳо мондааст.
— Ғами худатро хӯр, бачам, ранг дар рӯят намондааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё