Зеҳн
Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

Ҳикояи Мадинаро ба хотир овард Шодмон.
Ӯро директор Остон Ваҳҳобович ба кабинеташ даъват мекунад.

— Рафиқа Исмоилова, — Остон Ваҳҳобович пас аз чанде хомӯшӣ, ба вай ҳамсӯҳбат шуд: — гӯед, ки шумо худатон чӣ кас ҳастед? Фаромӯш кардед, ки дирӯз якпаҳлӯ бо зорию илтиҷо пешам даромада мошин пурсидед. Раҳмам омаду ба шумо мошин додам, баъд гуфтам, ки кори комсомолро ба шумо супоранд. Медонам ҳоло комсомолҳоятон каманд. Лекин ним штат ҳам вазифа аст. Боз мақсадҳои дигар доштем, духтари маҳаллӣ гуфта шуморо тарбия кардания будем. Аммо шумо аллакай аз худ рафтед, гапи ман, директори база барои шумо қурб надорад. Чӣ ба шӯру ғавғо мехезонед?...

Гап аз хусуси ҳамон кунҷора буд. Баъде, ки бобои Умархон гуноҳро ба гардани Асрор дайн кард, думи кор дар хӯрчин шуд. Директор имрӯз-пагоҳ гуфта намегузошт, ки кунҷораро аз мошини Шодмон фуроранд. Дар база ба ин кунҷора чӣ карданашонро намедонистанд. Шодмон рӯзҳо дар база бекор мегашт, кор набуд. Мадина пеши директор даромада гуфт, ки чӣ кунанд? Ба ягон хулоса омадан лозим, беҳтараш, ба милиция хабар диҳанд, гунаҳкор ҷазо гирад.

— Шумо аз пайи кори худатон шавед, мо худамон ягон илоҷ меёбем, — гуфт Остон Ваҳҳобович.

Аз ин гуфтугӯи онҳо рӯзҳо гузаштанд, вале натиҷае нашуд. Шодмон бекор ба база омада мерафт. Мадина барои таънаҳое, ки он рӯз чун санг ба сари Шодмон зада буд, ботинан хиҷолат мекашид, ҳарчанд ки Шодмон ба вай мисли пешина гап мезад, тарзе, ки гӯё байнашон гапе нашуда буд. Вале духтар суханҳои талхашро аз ёд намебаровард. Бобои Умархон дар омади гап ба вай гуфт, ки ҷавонони имрӯза ба монандӣ онҳо не, муросо мекунанд, аз изҳори сухани ҳақ меҳаросанд.

— Ана, духтарам, якеи онҳо шумо, — бобо рӯирост ӯро мисол овард. — Дидед, ки Асрор чӣ кор кард, лекин хап, дам намезанед, метарсед... Боз шумо котиби комсомол.

— Рост мегӯед, бобо, — ӯ аз назди мӯйсафед дур шуда ба Асрор дучор омад. Фуки ӯ дар осмон буд. Дар база касеро писанд намекард, бо карру фар ме-гашт. «Директор ин гуфт, директор он гуфт...» дар забонаш

пешина
аз 399
навбатӣ