Зеҳн
Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

— Ман ҳикояи шуморо хондам, — гуфт Мушарраф.
— Маъқул нашуд? — Чеҳраи Нозимӣ шукуфонтар гашт.
— Не.
— Аз чӣ ҷиҳат?
— Вай ҷавонро аз духтар ҷудо кардед. Ба мақсад мерасиданд, нағз мешуд.
— Аз адабиёт чӣ хел баҳо мегиред?
— ...
— Маълум, ки шумо духтараки адабиётдӯст, бо нависандаҳо ҳам баҳс мекунед, боз беҳуда не, аз ҷои ҷони гап мегиред, одам дармемонад, шумо ба ман маъқул, баҷуръат...

Суханони ӯ дар ботини духтар ғалаёне ба амал овард. Мехост ҳамин ҳоло аз назди ӯ ба берун давад, ба дугонаҳояш, ба ҳамаи духтарон бо овози баланд гӯяд: «Ман ба Нозимӣ маъқул! Худаш гуфт. Ман ба вай маъқул!»

— Камбудиҳои ин ҳикояи ман ҳоло бисёр, устод Қутосӣ ҳам гуфтанд... Айнан худи шумо барин эрод гирифтанд, сарзаниш карданд, ба худо рост мегӯям, дурӯғ гӯям, кӯр шавам...
— Ин тавр нагӯед...
— Кӯр шаваму баъзе хушрӯйҳоро набинам, мегӯям, — аз табассум дандонҳои сап-сафедаш намоён шуданд. Вай боз илова намуд:
— Ё кӯр нашавӣ, мегӯед?
— ...
— Устод Қутосӣ пурсиданд: «Ту ошиқ шудай?» «Не», ҷавоб додам.
— Дурӯғ гуфтед? — хандид Мушарраф.
— Не, барои чӣ дурӯғ гӯям. То ҳол ошиқ нашуда будам. Аммо ҳоло... Шояд... — Чӣ гуфтани буд ӯ? Баён накард...
— Устод гуфтанд, ки агар ошиқ мебудӣ, аз ин шарбати хуши зиндагӣ мечашидӣ, ин ҳикоят хубтар, табиӣ мебаромад, маъқул меафтод ба ҳама... Боз сарзаниш карданд, ки ту аз ишқу ошиқӣ бехабарӣ...

Як соати дарс тамом шуду Мушаррафу Нозимӣ бо ҳам менишастанд. Дугонаҳояш боз ягон фикр накунанд... Меҳанданд. Чаро аз мудир дарак не... Бо ин одам, ҳар қадаре бишинад, албатта, зиқ, хафаю дилгир намешавад, суханҳояш ширин, сеҳрангез.

Дар нимроғ гашт, дугонаҳо, ҳамсинфонаш онро

пешина
аз 399
навбатӣ