Зеҳн
Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

кушоданду пӯшиданд, боз кушоданд... Қаҳқаҳои хандаи онҳо аз паси дар баланд буд...
— Меравам, — Мушарраф аз ҷояш бархост.
— Ман ҳоло ба шумо сӯҳбат накардаам-ку.
— Духтарҳо хандиданд, шумо намедонед, баъд онҳо ҳар гап мегӯянд...
— Хавотир нашавед, Мушарраф, шумо бо ман бошед, ҳеҷ фикр намекунанд.
— Баръакс...
— Мою шумо кор дорем, ман дар бораи шумо дар рӯзнома мақола менависам, дурӯғ не, имрӯз — пагоҳ мебарояд, ҳама мехонанд... — гуфт Нозимӣ, баъд қаламу қоғаз гирифт, саволу ҷавоб сар шуд... Саволҳои вай беҳисоб буданд... Аз чандсолагиаш мактаб мехонад? Муаллими аввалинаш кӣ? Падараш чӣ кор мекунад? Модараш? Апаю хоҳар, ҳамсояҳо... Аз кай ба суруд хондан завқ пайдо намудааст? Чӣ қадар шеър аз бар кардааст? Аз аҳли хонадонашон ягон нафар ба ҳофизӣ завқ дорад? Суруд мехонанд? Ку, пеши вай шеър бихонад. Ҳа шарм надорад, бо овози баланд, бооҳанг, ба тариқи декламация ё паст-паст замзама кунад... Дар дил чӣ орзу мепарварад? Баъди хатми мактаб куҷо рафтанист? Хонад, ба падару модараш гӯш надиҳад, Нозимӣ ба вай мадад мерасонад, албатта, бо ҷону дил... Нозимӣ вайро мепурсиду мепурсид, ба дафтарчааш гуфтаҳои ӯро менавишт, варақ паи варақ сиёҳ мешуд... Дарси дуюм, сеюм чорум гузашт... Онҳо дар утоқи мудир танҳо, бо ҳам... Сӯҳбати ҳар ду кӯр гирифт. Чӣ сабаб буд? Барои чӣ?.. Дар сурат онҳо бо ҳам наздик нишаста буданд. Дар лабони Мушарраф ханда. Барои чӣ ӯ механдид? Ҳоло сабабаш ба хотири ӯ намеомад... Он рӯзҳо дур монда буданд, рӯзҳои ширини зиндагиаш...
Сари Меҳрубон аз рӯи болишт ғаҷида, якнима шуд, қариб аз болои диван меафтод, ки Мушарраф аз ҷояш ҷаста хест, ӯро болотар ба паҳлӯи Мижгон кашид, баъд поёни пои онҳо нишаст.
Баъд... Мушарраф ҳамин вохӯрии аввалинашонро гоҳ-гоҳе ба хотири Нозимӣ меовард... Сабаби дер ба гап гирифтанашро ба ӯ гуфт... Гӯё бо як нигоҳ асири вай гаштааст. Ранги рӯи зебо, чашму абрувони сип-сиёҳи ӯ, комати баланду базеби вай — хуллас ҳусни бемисли Мушарраф Нозимиро асир кардааст. «Дар синф чӣ дидам? Оламе, парие дидам», мегуфт ӯ... Ҳоло Мушарраф

пешина
аз 399
навбатӣ