Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа
Набераи ӯ Солеҳ ҳам бо онҳо сари дастархон менишаст. Сӯҳбаташон бо бобо гарм буд. Кӯфти роҳ баромад. Онҳо ба бобои Умархон хайрухуш гуфта, боз роҳ гирифтанд. Вале симои пирамард, риши сафеди ӯ, ки такя ба асобағалаш дода, бо Шодмону Мадина «хайр, бачаҳоям, роҳатон сафед» мегуфт, аз пеши назарашон канда набуд.
Мадина чамбари рулро миёни панҷаҳои нармаш сахттар дошта, бо гӯшаи чашм ба Шодмон назар партофт. Вай ба хотир меовард, ки бори нахуст Шодмонро кай дида буд. Ҳа, он рӯз ҳам аёми баҳор буд, онҳо бо ҳам дар истгоҳ вохӯрданд. Ҳамроҳ барои кор ба заводи мошинҳои «Сельхозтехника» мерафтанд. Вай, Шодмон, Сангин... Ҳама гап аз ҳамин лаҳза сар шуда буд.
Мегӯянд, ки ишқ баъзан аз як нигоҳи гарм пайдо мешавад. Чашмат ба чашме меафтаду тамом, он нигоҳ ба дил оташ мерезад, сипас ҷисму ҷон мегудозад, қарор намемонад. Ҳамон рӯзе, ки Шодмон ҷояшро ба Мадина дода буд, як оташаке дар дили вай роҳ ёфт. Дар давоми сол гоҳ-гоҳе ин ҷавон ба хаёлаш меомад, вайро хоб медид. Баъди як сол бо ҳам вохӯрданд. Азизтарин чизи гумшудаашро гӯё ёфта буд... Шодмон ҳам аз дили Мадина огоҳ гашт, ки чи хеле мегӯянд, ба вай часпид, хуб кард. Вале ба сари ӯ нохушиҳо меоянд...
Модараш ба Мадина мегуфт, ки ба ишқ бозӣ карда намешавад, даҳшат аст ишқ! Кас сӯхта нобуд мешавад, балоҳое ба сар меорад, ки чашмдораш нест. Талхиҳояш бештаранд.
Падараш пас аз хатми институт дар деҳаи ҳамсоя директори мактаб таъин мешавад. Дар ҳамин ҷо ӯ модари Мадинаро мебинад. Ӯ духтари аз ҳама хушрӯи синфашон будааст. Ба ҷавоне аз кадом як ноҳияи дур номзад шуда. Ӯ ҷавонро ҳаргиз надида будааст. Падари Мадина гирифтори ишқи ана ҳамин шогирдаш мешавад. Садаф ҳам шайдои муаллим. Гапи ишқи онҳо дар забонҳо. Афсонаи Лайлию Маҷнун гӯё аз нав зинда гашта. Ишқбозии директори мактабро то ноҳия бурданд, ӯро муҳокима карданд, танбеҳ доданд, вале асар накард. Директори мактаб ихтиёри худро ба дасти шогирдаш дода буд. Гапи Садаф барои ӯ гап буд, барояш баландтар амре аз амри вай набуд. Баъд ӯро аз вазифааш гирифтанд. Ба мактаби деҳаи худашон муаллим шуда омад. Танҳо наомад, Садафро ҳам овард.
Шӯру мағал бархост. Лекин вай паи тӯй шуд. Шаб дар

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо