Зеҳн
Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

ҳавлиашон тӯй давом меёфт. Паси ҳавлӣ касе дар касди ҷони домод мегашт, пайт меҷуст. Он шахс ба ӯ гапу ҳарфи зиёд нагуфт, бо як даст аз гиребони падари Мадина — Вафо гирифт, дар дасти дигараш чизе дурахшид. Бо корд вай ба Вафо ҳамла овард. Вафо аз дидани корд ҳушёр шуда дасти рақибашро дошт. Барои корд ҳар ду хеле талош карданд. Аз кафи дастон хун ба замин ҷорӣ буд. Вай оқибат кордро аз дасти бадхоҳаш гирифт. Ӯ ҳамон ҷавоне будааст, ки Садафро ба вай номзад кардаанд.

Рӯзҳои ҷангу ҷидол, нохушиҳо барои ошиқон гузаштанд. Рӯзгори ширин омад. Кулбаи онҳо аз ишқ нуру сафо ёфт. Ҳамаи азобҳо чун хобу хаёл гузаштанд. Танҳо нақшҳои корд дар дастони Вафо боқӣ монданд. Онҳо нишонаяи ишқ, нишонаяи талошҳои ӯ буданд. Аз хотири Мадина немераванд. Падараш қариб як сол бемори сахт шуд. Модараш соате аз назди бистари ӯ дур немерафт. Рӯзе падар дастонашро аз таги кӯрпа бо азоб бароварда, болои зонувони модари ӯ ниҳод. Нақшҳои кордро ба вай нишон дода ширин табассум кард. Падар шаби тӯй, ҷавониашонро ба ёд оварда буд. Модари Мадина ҳам шуда, дастони шавҳараш — ҷароҳатҳои ӯро бӯса кард, ба чашмони ӯ оби дида омад. Он ҷароҳатҳо барои ҳар ду ҳам азиз буданд. Баъди ин дигар падари Мадина дастонашро аз болои зонувони модари ӯ бардошта натавонист, мадораш намонда буд... Бале, ишқ ширин аст. Вале он касро ба дами марг ҳам мебарад. Қош, ба Шодмони вай осебе нарасад!

Роҳи онҳо боз давом ёфт. Вақте ба Хуснобод расиданд, ки моҳ чун духтари зебо аз паси теппаҳо бо карашма рух менамуд. Мадина Шодмонро то таги дарвозаашон бурда баргаштанӣ буд. Ӯро дар роҳ танҳо монданӣ набуд. Ба хаёлаш, паси ҳар дару девор, ё дарахт одамоне камин гирифта буданд, ки қасди ҷони Шодмони вай доштанд, ҳамин лаҳза ба ӯ дарафтоданӣ буданд. Барои Шодмон дили ӯро ваҳм мегирифт.

— Шодмон, шин, то хонаатон мебарам,— гуфт Мадина.

— Айб аст, Мадина, ҳеҷ гоҳ писареро духтар гусел накардааст. Ин як кори хандаовар аст. Хайр, ташаккур,— Шодмон якравӣ кард, дар пеши магазини деҳа аз мошини ӯ фуромад.

Мадина ноилоҷ Шодмонро дар роҳ монда баргашт. Хаёлаш парешон. «Мо ӯро аз миён мебардорем...» Боз

пешина
аз 399
навбатӣ