Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа
овози воҳиманоки Сангин ба гӯши Мадина меомад. Вай ҳеҷ гоҳ дар умраш аз бобати касе ин қадар дар таш- виш наафтода буд.
Шодмон ба ҳавлӣ даромад. Ҳама хоб буданд. Ча- роғи хоначаи хоҳараконаш аз паси пардаи тиреза ба пешайвон хира-хира нур медод. Модар дар долон хо- бида буд. Ӯ як дасташ дар миён дасти дигар дар та- наи сутуни пешайвон хеле истод. Аз ҳавлии онҳо қа- риб ҳамаи ҳавлиҳои деҳа намоёнand. Онҳо аз ин ҷо чун поғундаҳои як зинаи бузург то ба қаъри дара фу- ромадаанд. Чароғҳо аз аксари ҳавлияҳо ва сари сим- чӯби кӯчаҳои деҳа ҳанӯз фурӯзон буданд. Вале деҳа кайҳо ба оғӯши хомӯшӣ афтода буд... Фақат шилдир- роси оби ҷӯйчаҳои хурд-хурде, ки аз оғӯши сангҳо рӯ ба нишеб ба сангоби қаъри дара мещориданд, шунида ме- шуд. Онҳо гӯй торҳои беҳисоби асбоби мусиқие буданд, ки ба як оҳанг ҷӯр гашта ба дара ғулғула меандох- танд. Шодмон ҳоло ба ин садоҳо ва хониши булбуле, ки аз боғи раҳматии Эшонҷон меомад, гӯш дод. Садоҳо асабҳояшро навозиш мекарданд, ғаму аламҳояш фаро- мӯш мегашт, худашро лаҳзае аз олами фикру андеша-- ҳои мубҳам дур мебурданд.
Шодмон бо вуҷуди шаб дер хоб рафтанаш пагоҳӣ барвакт бедор шуд. Саросема, ба рӯяш як-ду панҷа об зада аз ҳавлӣ берун рафтани буд. Вай аз гум шудани бори мошин хонаводаро огоҳ кардани набуд. Вале мо- дараш, ки дар ошхона ҷунбуҷӯл дошт, нигаронаш бу- дааст, ки ӯро дида ҷумчаи дасташро ҳам нагузошта сӯ- яш шитофт.
— Салом, оча.
— Салом, куҷо? — хаёломез аз ӯ пурсид модар.
— Кор...
— Мошинат канӣ?
— Дар база.
— Ба ту чӣ воқиа рӯй дод?
— Тинчӣ, гуфтам-ку кор меравам.
— Гуфтанд, ки бори мошинат гум шудааст...
— Кӣ гуфт?
— Сангин хабар овардааст. Дина боз ба худ нес- там. Ду бор хонаашон рафта Сангинро наёфтам, бо ху- даш гап заданӣ будам...

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо