Зеҳн
Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

ин гуфтаҳои Нозимиро дар лаҳзаҳое ба хотир меовард, ки аз хиёнат дидааст, аз паси духтари хушрӯи дигаре шуда... Об аз сар гузаштааст, саҳв шуд. Ислоҳ намешавад хатояш. Афсӯс, афсӯс, ба сари зонувонаш ҳазор бизанад, гӯшти баданашро канда-канда бигирад ҳам, суде не! Рӯзҳои рафтаи умр барнамегарданд... Обҳои аз ҷӯю дарёҳо ҷоришуда аз сари нав ҷорӣ нашаванд. На! Об бигзараду умри одамӣ, ҷавонӣ ҳам!..

Аз омадани Нозимӣ ба мактаби онҳо ду ҳафта нагузашта, дар газетаи район якбора ду мақола чоп шуд. Яке умумӣ — дар бораи муаллимон, аниқтараш, дар таърифи мудир, дигараш мақолаи калон, қариб як рӯи газета, ки дар он Мушарраф васф мешуд, Нозимӣ ҳамон рӯз сураташро ҳам хоста буд. Сураташ дар газета. Газета даст ба дасти хонандагон мегашт. «Нозимӣ Мушаррафро ба газета навиштааст, таъриф кардааст, ана, ана...» Хонандагону муаллимон рӯзномаро ба якдигар нишон медоданд. Аз ҳамон шумора мактабашон пур шуда буд, рӯи мизу болои партаҳо... Дар лавҳаи долони мактаб ҳам якеашро часпонданд. Мушарраф куҷое равад, чашмаш ба сураташ мехӯрд. Ӯ дар сурат механдид, дандонҳояш намоён, лабонаш базеб... Дар назари худаш ҳам сураташ зебо, аз забони дигарон ҳам мешунид: «Мушарраф хушрӯ-а?..» Суханҳои пасту баланд низ ба гӯшаш мерасид. Дугонаҳояш бо шӯхӣ ба ӯ мегуфтанд:

— Мушарраф, ба Нозимӣ писанд омадӣ... Ту бало, худат ҳам мехостӣ... Як гапҳое навиштааст, ки... Туро дӯст доштааст, ошиқ барин....

Падараш хабари дар газета таъриф шудани ӯро ду рӯз пас шунид. Нимирӯзӣ аз боғ баргашт, ғазаболуд буд.

— Оҷаи Зуфар, оҳои оҷаи Зуфар! — баланд фарёд зад. Модараш аз ошхона берун шуд.

— Чӣ кор карда истодӣ?

— Ба тағӣ дег алов мондам, ош мепазам.

— Ин ҷо биё, Мушаррафро ҳам гӯй биояд.

Модару духтар пеши падар нишастанд. Ӯ такя ба панҷараҳои кат дода, дастонашро ба паси онҳо ҳалқа карда буд.

— Бишинед, — фармон дод падар ба онҳо. — Духтаратро муборакбод кардӣ? — қомати ӯ рост шуд.

— Чӣ гап шудааст?

пешина
аз 399
навбатӣ