Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа
— Нозимӣ омадааст, — гуфт ӯ.
Номи Нозимиро шунида ҳамаи дугонаҳояш баланд хандиданд. «Бечора, суроғ омадааст, ба мактаби мо вай пой тоза кардааст...» Вале ба чӣ гуфтану нагуфтани касе ӯро коре набуд. «Омадааст, аз хотир набаровардааст...» Бо табъи хуш аз синф берун давид. Мудир аз вай хоҳиш кард, ки ба мухбир роҳбалад шавад, ӯро ба ферма, ба назди холаш барад.
Аз деҳа берун шуда ба пайроҳани танаи теппа расиданду ба касе, ҷонзоте дучор наомаданд. Гӯё дар он ними рӯзӣ мардум аз гармии офтоб гурехта ҳама дар кунҷи хонаҳо панаҳ бурда буданд. Хайрият, ба дили Мушарраф. Вагарна вайро бо як ҷавони бегона дида чӣ мегуфтанд? Ба бало мемонд. «Мушарраф, ҳамроҳат кӣ? Куҷо меравед? Кори ноҳуб мекунӣ, қадрат паст мешавад... Ту духтари хона... Бо ин бӯзбала нагард, эҳтиёт шав, боз ягон шармандагӣ рӯй надиҳад...» Ё дар рӯяш нагӯянд ҳам, дар ғайбаш сад гап мебофанд: Мушаррафро дидем бо як бурдангал ба адиру пуштаҳо баромада рафт... Духтари бепошна...
Вай дидаю дониста, ҷон дар каф гирифта бо Нозимӣ ҳамроҳ шуд. Худаш мехоҳад, лекин боз меҳаросад... Мушарраф пеш-пешу Нозимӣ андаке ақибтар... Теппаро боло мешуданд. Дар поён заминҳои ғалла, то ба дуриҳо сабз, майсаҳои гандуму ҷав рӯи заминро пӯшидаанд. Ёнаҳо, теппаҳои баланде, ки онҳо рӯ ба тори он равон буданд, сабз, алафзор, гулҳо шукуфтаанд. Гулҳои зардак... Нозимӣ пеш давид, ба даруни алафзорон даромад. Хам шуда тез-тез гул чид. Ба хаёли Мушарраф, ки Нозимӣ гулҳои зардак мечинад. Дар дил ӯро сарзаниш кард. «Беақл, онҳоро чӣ мекунӣ, худо бигирадашон. Гулҳои зард рамзи ҷудоианд, онҳоро начин, парто». Аммо Нозимӣ як даста гули сиёҳгӯш дар даст аз баландӣ нишеб шуд.
— Воҳ, шумо инҳоро аз куҷо ёфтед? — Мушарраф якнима шуд, қариб афтод. Нозимӣ аз дасташ дошт. Ӯ боазоб рӯ ба Нозимӣ меистод. Туфлиҳои сип-сиёҳи пошнабаланд, ки дирӯз падараш аз Душанбе оварда буд, пойҳои духтарро озор медоданд. Андаке танг. Баъд... Онҳо дар роҳҳои қаçu килеб, пасту баланд, мувофиқ не. Қош сари қадам хонаашон даромада туфлиҳояшро гузошта калӯш мепӯшид... Пойҳояш дард мекарданд. Вале дар он мавзеи дур аз деҳ, дур аз одамон Нозимиро ҳамроҳаш дида шод буд. Чеҳрааш шукуфон, чеҳраи

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё