Зеҳн
Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

Нозимӣ ҳам... Лабони ҳар дуяшон ҳам дар ханда, осмон софу беғубор, каб-кабуд, нуқра барин. Офтоби баҳор болои сар. Атрофашон сабзазор. Дунё зебо, олам, ба хаёли Мушарраф, дар ханда, замину замон дилкушо, рӯҳафзо...
— Марҳамат, Мушарраф, ин гулҳо барои шумо аз теппаҳои қишлоқи худатон, инҳо ҳам худатон барин зебо... — Гулҳои сиёҳгӯшро ҷониби вай дароз кард.
— Худам мечинам, ана, ана... — Мушарраф дуртар бехи сангҳои калон-калонро ба Нозимӣ нишон дод, ки он ҷо гулҳои сиёҳгӯш шукуфта буданд. Мехоҳед чида оварда ба шумо тақдим кунам?
— Мушарраф, маро шарм надоронед, илтимос.
— Дӯрӯғ, ин қадар шармгин ҳам наменамоед.
— То ҳол ба ҳеҷ духтар гул надодаам... Гули аввали баҳорро аз дасти ман гиред, гули аввали баҳор... — Такрор намуд. — Аз пешам баромаданд, бинед, тару тозаанд.
— Агар аз пеши роҳатон намебаромаданд?
— Меёфтам, ба шумо гул меовардам, аз он дунё ҳам бошад, меёфтаму меовардам.
— Агар шумо он дунё равед, мо чӣ мекунем?
— Ба худо, шумо духтари доно, ҳамаи суханҳотон духӯра, маҷоз... Хайр, бигиред, илтиҷо мекунам, ҳамин гулҳоро аз дасти ман гиред, дастам дард кард... — Хам шуд, пеши Мушарраф ба зону зад.
— Гули аввали баҳорро аз дасти нависанда гирифтем, — гулҳоро миёни ангуштонаш дошт духтар, — бофайз, бобаракат мешудагист баҳор...
— Ҳамин хел орзу дорам, ки баҳор барои ман баҳори ширини умр мешавад. Аз хотирам ҳамин лаҳзаҳо немеравад. Баҳор, рӯзи шанбе...
— Орзу мекунед, орзу...
— Шумо мусоҳиби аҷоиб.
— Рафтем, агар дар ҳар қадам мо бо ҳам ин қадар баҳс кунем, имрӯз ба ферма немерасем. Дур аст он, ҳоло боз хеле роҳ, — пеш даромад Мушарраф.
— Ҳамин рӯз ба он ҷо нарасем беҳтар.
— Гапҳои беҳуда нагӯед, малол мешавам, саломонро дигар алек намегирам, — дар чеҳраи Мушарраф аломати норизоӣ, ранҷиш падид омад.
— Мақоларо хондед?
— Ҳа.
— Маъқул шуд?

пешина
аз 399
навбатӣ