Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа
— Мо бекор нестем, ки кати ту маймунбозӣ карда шинем. Дӯғу дангалашро бинед-а... боз аз наздишон подаро ҳай карда гузаронам будааст. Номаъқул кардӣ, Қалтай маслук! — Ғазаби пирамард меояд.
— Чӣ гуфтӣ? Канӣ, аз нав такрор кун,— аспашро
маҳмез мезанад Қалтай Мансур.
— Пеш набиё, маслук, ки фарқи саратро хун мегиронам, беаҷал мемурӣ. — Аввалмурод асои зарангии дарозашро миёни панҷаҳои шахшӯлаш мефишорад. Чашми Қалтай Мансур аз ӯ наметарсад. «Сол саг омаду ту раис шудӣ, гуфтӣ?» Бо доду валвала ба болои пирамард Аввалмурод асп мемонад.
— Э дафъ шавӣ, сурати бадат дар гӯре... Хуб одами бозӣ мекардаатро ёфтию ман туро мекушаму хунатро мерезонам. Ана!... — асои дарозашро гирди сар гардонда, ба адли миёни Қалтай мефурорад. Қалтай Мансур кулулабанд шуда аз рӯи зин ба замин меғелад.
Дод мегӯяд, аҷириқҳоро мегазад, баъд чирросзанон пеши намояндаи ноҳия, ки ҳамон рӯз бо чанд милиса ба коре ба колхоз омада будааст, медавад... Сару рӯяш пури хоку лой... ғазаби намоянда омада ҳамон лаҳза фармоиш медиҳад: хурду калони деҳа ҷамъ шаванд.
Маҷлис мегузаронад. Таъкид мекунад, ки агар касе ба гапи Қалтай Мансур надарояд, супоришҳояшро ба ҷо наорад, ё ба вай даст расонад, ҷазо мебинад, суд мешавад. Қалтай одами давлат, ҳарфи ӯ барои ҳама қонун, қонунро вайрон кунанд, рӯзашонро мебинанд... Баъд милиционерҳо пирамард Аввалмуродро дошта меоранд, ба аҳли маҷлис нишон медиҳанду пешандоз карда мебаранд. Чанд вақт ӯ паси панҷара мешинад, ба деҳа баргашта мегӯяд, ки дигар аз гапи раис намебарояд.
Ба ақидаи ҳамдеҳагонаш ороишҳои ӯро гирифта будаанд, мум барин мулоим шудааст.
Баъди ин воқеаҳо, ба ҷанг гусел шудани аксари
мардҳои деҳа, ба ғаму алам гирифтор гаштани мардум
қариб дигар касе ёфт намешуд, ки ба Қалтай Мансур
сар ба сар ояд. Дар деҳа гӯё одами пишакашро пишту сагашро тур мегуфтагӣ намонда буд. Худи Қалтай
шоҳу табъаш вазир. Ба майнӯшӣ, ишрат, пардохт. Вақти ангурпазӣ дар ҳар бригада ду-се нафарӣ занҳои зебо ба ихтиёри раис ҷудо шуда дар боғҳо аз пагоҳ то
бегоҳ барои вай мечунбиданд. Дарун ба даруни чӯякҳои
боғ, тирак ба тирак гашта токҳои сиёҳангур, хусайний,
кишмиш, соҳибӣ меҷустанд. Аз ангурҳои хушлаззат

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо