Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа
навъ ба навъ кӯза-кӯза май мехобонданд. Тобистони соли аввали ҷанг Калтай Мансур дар як гӯшаи ҳавлиаш меҳмонхонаи дуошёнаи оинакорие созонд. Он ҳамеша сермеҳмон. Аз район кадом як рафикаш меомад, аз қишлоқҳои ҳамсоя ҳам ӯру шиносонаш пайдо мешуданд.
Як ҳофизу ширинкоре доим дар меҳмонхонааш. Худи Калтай маст шуда табақчаеро ба даст мегирифт, сурудҳои классикиро паст-паст замзама менамуд. Дар меҳмонхонаи раис базм мешуд. Аҳли базм ҳама сархуш шуда аз меҳмонхона берун мешуданд. Миёни ҳавлӣ чавкӣ мезаданд, базмашон гармтар мегашт... Дар хонаи Калтай Мансур шодию нишот ҳукмрон буд. Ягона хонае, ки аз дарду доғи аҳли деҳа фориғ. Гирьяи модарон, ки дар фироки фарзандони шаҳидашон хун аз дидаҳо мерехтанд, нолаи занони бешавҳармонда, фиғони тифлон, пирон, духтарон ба гӯши ҳозирони ин хонадон гӯё намедаромад, ин ҷо базмгоҳ, ҷои хурсандию шодӣ... Ҳама ба ғаму олами худ саргардону чашми Калтай Мансур ба занону духтарони хушрӯ. Онҳо яке паи дигар ба Калтай Мансур номбад мешуданд.
— Худо додааст, мо як хурӯсдия! — гоҳо аз шодӣ даҳонаш то беҳи гӯшҳояш расида, бо ғурур мегуфт Калтай Мансур ба улфатҳояш. — Қишлоқ пури зану духтар, ҳама зебо, хушрӯ, мана ман мегуфтагӣ, кадомашро, ки хоҳам, илоҷ надорад, розӣ мешавад, ризқ, — ӯ занони аскарон, ҷавонзанҳои бевамондоро дар назар дошт...
Сиёсати Калтай Мансур оҳиста-оҳиста ба дилҳо мегузашт, аз ӯ ҳатто кӯдакҳои гаҳвора ҳам меҳаросиданд. Вақти ғаши кӯдакаш модаре «ҳап, дам ист, раис омад!» мегуфт, ӯ аз гирья мемонд...
...Падараш ҳанӯз ҳам дар пеши ҳангии сиёҳашон буду модараш дуртар аз онҳо. Вай аз он ки Рустам чормағзҳояшро ба Парвона додааст ва ӯ бо ин духтар — келиншавандаи Калтай Мансур ҳамроҳ мегаштааст, ғамгин буд.
— Бачам, очат рост мегӯяд, — боз сухани модари Рустамро ба хотир овард падараш, — ҳоло даври ҳамин як Калта барин одам омад. Ҳама дар ҷанг. Агар имрӯз-пагоҳ маро баранд, ҳоли шумоҳо бад мешавад: ин Калта бо шумоҳо ҳар кор мекунад... Ғами ҷонатро хӯр. Вай ҳатто маро зад. Ҳоло ҳам сарам аз худам нест...

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо