Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа
дили духтар ханҷар зад, таъна зад... Аз паи Парвона афтод.
Ҳавлии Парвонашон аз хонаи онҳо чанд кӯчаю пас-кӯча он сӯ, дар лаби ҷар буд. Ҷари чуқуре, ки як тарафаш то болои деҳа ҳалқа хӯрда, боғу майдонҳои зиёдеро аз ҳам ҷудо мекард, аз поён он ба лаби дарёи Сафедоб мерасид. Сар то охир даруни ҷар қамишзор. Баҳорон ба ин ҷо села-села мурғобҳои даштӣ меомаданд. Қурбоққаҳо тамоми шаб, ба қавле, ки ин ҷо нағмасаро, вақар-вуқури онҳо ба ҳар хона, ба ҳар чети деҳа мерасид.
Рустам ба ҳавлии Парвонашон наздик омада таги тутӣ сари реша махтал шуд. Ҳар ду табақаи дарвозаи калони, ба қавли баъзеҳо чигинадарои онҳо руст. Деворҳои гирди ҳавлӣ, ки болояшон бо янтоқу талха ғафс сархора гирифта шуда буд ва ба ҷо-ҷои онҳо, аввалҳои тобистон таппӣ зада ҳанӯз онҳоро наканда буданд, ба назараш хеле баланд тофтанд. Даст дар танаи тут рӯ ба дарвоза истод. Мурғҳо дар пушти дарвоза куткуткунон дон мечиданд. Як мокиёни сурх чашмонашро нимпӯш карда, ба хоки гарм ғӯтавар шуда, канотак мезад, пушту паҳлуҳояро ба он мемолид. Гурбае аз лаби бом ба сари девори пастакаки ҳамсоя ҷаҳид. Хурӯси чилтоҷи сафед гурбаро дида куткуткудус бонг зада патар-патар бол афшонд, дигар мурғҳо ҳам ба куткут даромада дар як лаҳза аз роғи миёни табақаҳои дарвоза ба ҳавлӣ даромаданд...
Лаҳзаҳо мегузаштанд. Дарвоза ҳамон баста. Аз он касе берун намеомад. Вай Парвонаро диданӣ, ӯро интизор буд. «Агар баногоҳ аз ин ҷо Қалтаи Мансур гузарад-чӣ? Ӯро мебинад... Алҳол ӯ надонад беҳтар...»
Аз рахнаи девор Рустам худро ба даруни боғи бо-бои Ризо партофт. Ин порҷаи замини якбара, ки як гӯ-шааш ба дохили ҷар фуромадааст, пеш сангзор буд. Бобои Ризо онро аз сангу сафол тоза карда ниҳол ши-нонд. Ниҳолҳояш калон-калон шуда се сол аст ҳосил ме-диҳанд. Вале баъди сари бобои Ризо боғаш бе ниго-ҳубин монд. Қариб касе ин ҷо намеояд. Ҷо-ҷои девор-ҳои гирди боғ афтодаанд. Ҳавлӣ ё боғ, ҳама чи ҳам бо одам зеб дорад, бесоҳиб, ки монд, бӯи вайронӣ пайдо мекунад. Себҳо, зардолую шафтолучҳои пирамард, ки замоне ӯ аз субҳ то шом дар бехи онҳо меҷунбид, бе побел мондаанд. Боғ намуди хузновар гирифтааст, го-ву моли ҳамсояҳо дар дарунаш. Вай гоҳ-гоҳе дар ҳамин

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо