Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа
боғчаи бобои Ризо бо Парвона вомехӯрд, ёнаи дарахтзорро нишеб шуда то лаби ҷар мерафтанд. Даруни буттазорони ғав, ки ба қавле он ҷо мор сар халонда наметавонад, соатҳо бо ҳам менишастанд, роз мегуфтанд. Албатта, ҳамаи ин андаке пештар, пеш аз сар шудани гӯйгӯяи тӯйи ӯ бо додари Қалтаи Мансур буд. Баъди ин гапу кори нохуш дигар онҳо ин ҷо бо ҳам нанишастанд. Рӯзҳои охири соли таҳсил ку Парвона мактаб намерафтагӣ шуд. Раис ба роҳбари синфашон Қосими хевовандаш фармуда бадааст, ки илоҷе ёфта дили Парвонаро аз мактаб хунук кунад, баъд номашро аз рӯйхати шогирдон барорад.
Рустам се-чор чӯяки себро гузашт. Рӯ ба рӯяш боз деворҳои баланди гирди ҳавлии Парвонашон. Аз ягон ҷо раҳнае не, ки ба дарун нигарад. Аз девор дуртар рафт. Як себи баланди яктораеро часпида баромад. Аз баландӣ ба ҳавлӣ назар афканд. Касе наметофт. Мурғҳо дар тағи пешайвон. Қут-куткунон аз миёни хоку кум дон меҷустанд. Ҳангии сафедашон тағи чормағзи пеши дарвозаҳоҳа баста шуда буд. Пеши он як банд бедаи каб-кабуд партофтаанд. Ҳангӣ кумур-кумур беда мехӯрд: Хармагасҳо гоҳ болои ёл, гоҳ сари шонааш часпида безобитааш мекарданд, гӯшҳояро меафшонд, фахос зада бо сумҳои пешаш заминро мекӯфт, ба пас шата ҳаво медод, бо думаш магасҳоро меронд. Аммо онҳо боз ба вай мечаспиданд. Ҳолаш тангтар мешуд...
Дари хона ғиҷиррос зад. Модари Парвона намоён шуд.
Ба назараш ӯ афтода намуд, харобу лоғар, худашро гирондааст... Аз ғам, аз алами маҷрӯҳ шудани шавҳараш.
Ӯ пешайвонро нишеб шуда аз остини куртааш чанд каф дон — гандуми сурх пеши мурғҳо пошид. Ҳангаш кан· да, мадораш намонда буд, аранге роҳ мегашт. Ӯ ҷониби кохдон гашт... Рустам худро ба пушти навдаҳои сершохубарги ғабдал кашид. Лекин нигоҳаш ба ҳавлӣ.
Парвона ҳамин ҷо — дар хона бошад? Хоб будагист.
Не, ӯро хоб намебарад. Модари Рустам ранҷондаш, гапҳои беҳуда гуфт, аламашро овард. Ҳоло Парвона, аҷаб не, худро болои ҷойхобаш афкандаасту гирья дорад, ашк мерезад...
Нурҳои офтоб аз болои навдаҳои баланд-баланди
себ канда шуда ба сари теғаҳои кӯҳ дармемонданд, болои Гулоб соя меафтод, рӯз ба назар тира мегашт. Оҳиста-оҳиста дар деҳа шаб шуд, пардаи торикии онро ба
бағал мекашид. Дар хонаҳои деҳа яке паи дигар чароғхо

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо